Фаввораи газро дар Қазоқистон 6 рӯз боз хомӯш карда наметавонанд
Рӯзи шашум аст, ки дар як чоҳи газ дар вилояти Манғистауи Қазоқистон оташсӯзӣ идома дорад. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки мақомоти вилоят, нафтчиён, наҷотдиҳандагон ва коршиносон то ҳол дар пайи дарёфти роҳҳои рафъи вазъияти фавқулода ҳастанд.
«Бинобар таркиши тӯлонии омехтаи газу об ва пайдо шудани кратер бо диаметри тақрибан 15 метр ва умқи 2-3 метр наздик шудан ва истифода бурдани таҷҳизоти махсуси сӯхторхомӯшкунӣ имконнопазир аст»,- таъкид мекунад маъмурияти вилоят.
Ба ҷои ҳодиса 33 техника ва 89 нафар ҳайати шахсӣ, ки бо техникаи ёрирасон ва таҷҳизоти махсус барои хомӯш кардани сӯхтор муҷаҳҳаз гардидаанд, сафарбар карда шудааст.
Шаби 9-уми июн дар яке аз чоҳҳои кони Қаротуруни ҷанубӣ омехтаи газу об хурӯҷ карда, ба фаввораи сӯзон газ табдил ёфт.
Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисон, сабаби эҳтимолии садама ҳангоми корҳои пармакунӣ коҳиш ёфтани фишори таҷҳизоти пешгирикунанда будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ