“Алиф Бонк”-ро боз ҷарима бастанд

Бонки миллии Тоҷикистон “Алиф Бонк” -ро пас аз ёфтани чанд камбудӣ дар фаъолият ҷарима ва анҷоми ду намуди амалиётро маҳдуд кард.

Гуланор Атобек, раиси “Алиф Бонк” дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” навишт, ки ниҳоди танзимгари соҳа дар натиҷаи санҷиши фаъолияти дусолаи бонк, нодуруст анҷом додани амалиётҳои хазинавию муҳосибӣ ва асъорӣ, камбудиҳои ҷиддӣ дар раванди қонунигардонии маблағҳо, нодуруст пешниҳод намудани ҳисобот оиди амалиётҳои асъорӣ ва номукаммалии ҳуҷҷатгузорӣ аз рӯи баъзе амалиётҳоро ошкор кард.

Нет описания фото.
Гуланор Атобек, раиси «Алиф Бонк»

Бонки миллӣ дар баробари 600 ҳазор сомонӣ ҷарима, ҳамчунин, анҷом додани ду намуди амалиёт-қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ барои ширкатҳо, яъне шахсони ҳуқуқӣ дар давоми 3 моҳ, ба истиснои баъзе намуди амалиётҳо барои бонк маҳдуд кардааст.

Гуланор Атобек  ифшои ин маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаффофияти кор ва масъулияти бонк дар назди ҷомеа донистааст.

Ӯ гуфт, ки аллакай қисме аз норасоиҳоро ислоҳ карда, ҳаракат мекунанд, то охири сол боқимондаашро низ дар асоси нақша-чорабинии таҳияшуда, ислоҳ намоянд.

Гуланор Атобек дар аз дастовардҳои бонк ниёз ёдовар гардида, навиштааст, ки онҳо соли 2022-ро бо даромади тоза дар ҳаҷми 43 млн сомонӣ ба анҷом расониданд, ки ин таърихан натиҷаи рекордӣ аст.

Ба иттилои ӯ, дастовардҳои дигари бонк, дар соли гузашта, 4 маротиба афзун гардидани ҳаҷми амонатҳо назар ба соли 2021, 13 дарсад зиёд шудани сандуқи қарзӣ, беш аз 3 маротиба зиёд гардидани ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдие, ки тариқи барномаи «alif mobi» ва 41 дарсад афзоиш ёфтани шумораи истифодабарандагони фаъол, 63 дарсад зиёд гардидани кортҳои баровардашуда ва 4 маротиба зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағ аст.

Аммо ин бори аввал нест, ки Бонки миллӣ “Алиф Бонк” –ро ҷарима мекунад. Соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон пас аз ёфтани чанд норасоӣ дар фаъолияти «Алиф Бонк», ин бонкро ним миллион сомонӣ ҷарима баста буд. Сабаби ин дар фаъол набудани шӯрои нозирон, кумитаи аудит ва кумитаи идоракунии хавфҳо арзёбӣ шуда буд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *