Дар Русия миёни ду гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик даргирӣ сар зад

Шаби 12-уми июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия миёни ду гурӯҳ муҳоҷирон муноқиша сар задааст, ки дар аснои он ду ҷавони тоҷикро бо корд зада куштаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар доданд.

Бино ба иттилоъ, ҳарду гурӯҳи даргир шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ҷасади ин ду тоҷикро субҳи 13-уми июн сокинони маҳаллӣ аз кӯчаи Академик Бардин пайдо карда, ба кормандони милитсия хабар додаанд.

Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ маълум гаштааст, ки ин ду гурӯҳ барои пул задухӯрду кордкашӣ кардаанд. “Яке аз онҳо аз як иштирокчии дигари занозанӣ қарздор будааст. Дар ин асос низоъ сар зад. Дар ин ҷо ягон муноқишаи миллигароёна нест. Онҳо барои гирифтани пул омаданд. Дар аввал муноқишаи лафзӣ, баъд занозанӣ бо корд оғоз шуд. Ду нафар ҷон бохтанд”,- гуфтааст раиси диаспораи тоҷикони вилояти Свердловск Фарух Мирзоев.

Шумораи дақиқи иштирокдорони ин занозанӣ маълум нест. Аммо, гуфта мешавад, дар он як варзишгари тоҷик бо номи Суҳроб Давлатов низ ширкат дошта, ӯ ҳоло аз ҷониби кормандони полис боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, ду нафари дигари ин даргирӣ бо ҷароҳатҳои гуногун ҳоло дар беморхона қарор доранд. Раҳбари ин ниҳод Александр Бастрикин тафтишоти кушторро таҳти назорат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *