Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ифтихори миллат

Марде аз писари ҳамсоя мепурсад:

— Ҳа, Илҳомҷон, имсол ҳам аз облава гурехтӣ?

Илҳом дар ҷавоб:

— Бале, амак.

Мард ин дафъа бо истеҳзо мегӯяд:

— Э қандата зан, Тоҷикистон бо чунин ҷавонони тездаваш мефахрад.

Гугл

Донишҷӯе аз гугл суол мекунад:

— Окей гугл, ба ман маслиҳат деҳ, мошини «Мерседес» гирам ё BMW?

Гугл дар ҷавоб мегӯяд:

— Донишҷӯйи муҳтарам, шумо худатон аз вайфайи ҳамсоя ба интернет пайваст мешаведу аз ман дар бораи «Мерседес» мепурсед…

Шароб

Духтур ба майхора мегӯяд:

— Аз машрубот худдорӣ намуда, шумо умри худро дароз мекунед.

Майхора мегӯяд:

— Дуруст қайд намудед, духтур. Ман рӯзе шароб нанӯшидам, ҳамон рӯз бароям ба мисли як сол тӯл кашид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *