Файзинисо Воҳидова: Эҳтимоли озодшавии Муаттара Ҷураева ҳаст!

Файзинисо Воҳидова- ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, қонуни нави афв нисбати Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон, ки соли гузашта бо иттиҳоми қаллобӣ равонаи зиндон гардид, татбиқ мешавад.

Хонум  Воҳидова гуфтааст, ки агар хонум Ҷӯраева ҳанӯз ҳам зарари моддиро барқарор накарда бошад, тибқи қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати адо нагардидаи ҷазояш кам мешавад: Дар чунин ҳолат, яъне баъди татбиқи афв ӯ шонси озод шуданро пайдо мекунад.

 Мавриди зикр аст, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 17 марти соли 2015 Муаттара Ҷӯраеваро дар қаллобӣ гунаҳгор дониста,  9 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Он замон додраси парванда гуфт, бар пояи қонуни афви соли 2014 аз се як ҳиссаи ҳукми Ҷӯраева кам шуда, бо назардошти шаш моҳи ҳабси пешакӣ 5,5 сол равонаи зиндон мегардад. Додраси парванда ҳамчунин арз дошт, ки баъди адои ҷазо Муаттара Ҷӯраева давоми се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум хоҳад шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *