Фестивали фарҳанги Куриё дар маркази забономӯзии Шоҳ Сеҷонги ДДЗТ

Дар толори варзишӣ ва толори фарҳангии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Фестивали фарҳанги Куриё гузаронида шуд.

Дар Фестивали фарҳанги Куриё Сафири Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок ва ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, муовинони ректор Каримов А., Қаюмов А., раиси Ҷамъияти куриёиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чанг Ҷэёнг ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Ҳамзамон, мулоқоти ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода бо сафири Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок доир гардид.

Ректор Жило Гулназарзода дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи донишкада, хусусан, ширкати донишҷӯёну забономӯзон дар озмунҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ва оид ба таҳсилу фаъолияти хатмкардагони донишкада дар муассисаҳои олии Ҷумҳурии Куриё сухан гуфт.

Дар идома ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда, татбиқи созишномаҳои байни донишкада бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ ва ба имзо расонидани санадҳои нави дуҷониба миёни донишкада бо муассисаҳои олии Куриёи Ҷанубиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафир Квон Донгсок аз ҳамкории судманди донишкада бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ ва сафорат изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки барои тавсеаи равобити судманди дуҷониба ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар омӯхтани забони куриёӣ талош ва мусоидат хоҳад кард.

Фестивали фарҳанги Куриё ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ бо барномаҳои зерин гузаронида шуд:

1. Ташкили гӯшаҳои фарҳангӣ дар толори варзишии донишкада, аз қабили гӯшаи хӯрокҳои миллии куриёӣ, гӯшаи бозиҳои миллии куриёӣ, гӯшаи сохтани ашёҳои сунъии куриёӣ, Photo-Zone  ва гӯшаи Face Painting.

2. Гузаронидани барномаи асосии фарҳангӣ дар толори фарҳангии донишкада, ки аз намоиши рақсҳои миллии Пучечум ва Согочум, саҳначаи куриёӣ, сурудҳои куриёӣ, рақси К-поп ва намоиши мӯди куриёӣ иборат буд.

Пас аз фарҷоми барномаи фарҳангӣ сафири Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок бо шароити таҳсили донишҷӯён дар бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки 27-уми сентябри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, аз наздик шинос гардид.

Ирфон НУРМУҲАММАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *