Кӯшониён: 13 омӯзгор соҳиби замин шуданд

Имрӯз, 23-юми ноябр ба 13 омӯзгори муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ дода шуд. Дар оянда боз ба 17 омӯзгори дигар замин дода хоҳад шуд.

Ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагии омӯзгорон ва дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар ба 13 омӯзгор ҳуҷҷати қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ дода шуд. Таъмин гаштани омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ заҳмати омӯзгорро қадр мекунад.

Бобоҷон Валиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён гуфт, ки ба ҳар омӯзгор 0,4 га замин дода шуд. Ӯ мегӯяд, ки боз ба 17 омӯзгори ҷавони дигар замин дода хоҳад шуд: “Ба омӯзгорон аз як мавзеъ замин дода шуд. Ба боқимонда омӯзгорон ҳам аз ҳамин мавзеъ замин медиҳанд. Насиб бошад, дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор кӯчаи омӯзгорон ташкил мекунем”.

Сомонаи Pressa.tj ҳанӯз аввалҳои моҳи ноябр хабар дода буд, ки дар назар аст дар ноҳияи Кӯшониён дар наздиктарин муҳлат якбора ба 30 омӯзгор замин дода шавад.

Ин амали хуб бори аввал дар ноҳияи Дӯстӣ таҷриба шуд. Чанде пеш дар ноҳияи мавриди назар ҳам якбора ба 30 омӯзгор замин барои бунёди хона дода шуда буд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *