Фейсбукро дар Россия маҳдуд мекунанд

Муассисаи давлатии «Роскомнадзор»-и  Россия эълом кард, ки  агар Фейсбук пойгоҳи иттилоотии шаҳрвандони Россияро  ба ин кишвар интиқол надиҳад, онро то охири соли 2018 масдуд  хоҳад кард.

Бино ба  гузориши хабаргузории «Спутник», Александр Жаров, раиси «Роскомнадзор» иброз доштааст, ки Фейсбук бояд то пеш аз поёни соли 2018 иқидомотеро амсоли   қарор додани пойгоҳи иттилоотии шаҳрвандони Россия дар ин кишвар, ҳазфи тамомии муҳтавоҳои ғайриқонунӣ ва риояти қонунҳои дигарро анҷом диҳад.

Вай ҳушдор додааст агар Фейсбук   тамоми нуктаҳои зикршуда ё бархе аз онҳо  ба иҷро нарасонад ё давлати Россия ҳеҷ нишоне аз қасди онҳо барои иҷрои ин нуктаҳо дарёфт накунад,  масъалаи масдуд кардани ин шабакаи иҷтимоиро  ба миён хоҳад гузошт.

Тибқи иттилои  Фейсбук, 87 миллион муштариён дар саросари ҷаҳон дар маърази ифшои иттилоот қарор гирифтаанд, ки бисёре аз ин корбарон дар хориҷ аз Аврупо ва теъдоди қобили таваҷҷуҳе дар кишварҳои дар ҳоли  рушд  зиндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *