КМОТ: Хушҳол будан мехоҳед? Биёед, давем!

Сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) хушхабареро барои дӯстдорони варзиш расондааст, ки  25 апрели соли равон дар Боғи “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо  шаҳрдории Душанбе таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” баргузор мешавад.
“Дав барои хушҳолӣ” аз соли 2006 таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифати сокинони кишварҳои қитъа оид ба аҳамияти Бозиҳои Осиё, оммавияти варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои умумибашарии Ҳаракати олимпӣ қабл аз Бозиҳои Осиё таҳти шиори “Неруи Осиё” роҳандозӣ мегардад.
Шӯрои олимпии Осиё баргузории чорабинии мазкурро дар қаламрави 45 кишвари Осиё ба нақша гирифтааст, ки дар меҳвари аслии он таблиғу ташвиқи Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё дар Ҷакарта/Паленбанги Индонезия қарор мегирад.
Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ бори аввал соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат кард ва то имрӯз 21 медал, аз ҷумла 4 медали тиллои бозиҳоро ба даст овардааст.
Дар чорабинӣ иштироки намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 дар назар аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *