Фидоии телевизион. Ҳалим Сангин 70-сола шуд

Яке аз собиқадорони телевизиони тоҷик, режиссёри шинохта, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, устод Ҳалим Сангин 70-сола шуд. Хушбахтона, устод дар синну соли камолот низ пайваста пайи эҷод аст ва ба тарбияи шогирдон машғул мебошад.

Ҳалим Сангинов соли 1952 таваллуд шудааст. Соли 1974 шуъбаи режиссураи кино ва театри Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1975 то 1985 ҳамчун режиссёри варзида ва пас аз он то соли 2005 ба ҳайси саррежиссёри Телевизиони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2007 дар телевизиони “Сафина” низ ба ҳайси режиссёр фаъолият дошт.

Ҳалим Сангинов то ба имрӯз садҳо филму намоишномаҳои телевизиониро ба ҳайси коргардон рӯйи навор овардааст. Аз ҷумла, филмҳои мустанади “Тоҷикони дунё”, “Атои саҳна”, “Ғуруб”, “Девори хотира”, “Бузургвор”, “Дарди Ҳошим”, “Армуғони Рухшона”, “Тоҷикистон” (иборат аз 5 қисмат), “Рӯ ба хуршед” (иборат аз 12 қисмат), “Рустам ва Суҳроб”, филмҳои ҳунарии “Самаки айёр”, “Ширин”, “Гули санг”, “Шумқадам”, «Арӯси хапак», спектаклҳои телевизионии «То қафас бишкаст, булбул пир шуд», «Курсии сеҳрнок», «Хоки пайвандӣ», намоишҳои телевизионии “Ситораҳои Шарқ”, “Дугонаҳо”, “Чароғаки роҳнамо”, “Наврӯзи Аҷам”, “Базми ҷамшедӣ”, “Салом, фестивал” ва ғайраҳо маҳсули дастранҷи эшон дар соҳаи синамо ва телевизион аст.

Ҳалим Сангинов солҳои 2014-2016 дар НБО “Роғун» ифои вазифа намуда, вобаста ба рафти кор дар ин иншооти азими аср як зумра филмҳои мустанад таҳия кардааст. Аз ҷумла, “Биё созем Роғунро”, “Пайкори Роғун”, “Месозамат Роғун”, “Рӯ ба рӯ”, “Асрори лоиҳа”, “Гавҳари меҳр”, “Чист Роғун?” ва ғайраҳо, ки зиёда аз 30 филмномаро дар бар мегирад.

Аз соли 2019 ба ин сӯ устод Ҳалим Сангин дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба ҳайси профессори кафедраи режиссура ва продюсерӣ ифои вазифа намуда, ба тарбияи шогирдон машғул аст. Ҳамчунин, номбурда аз таҷрибаи хеш мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва китоби дарсии “Ҳунар омӯз…”-ро таълиф кардааст, ки имрӯзҳо мавриди истифода дар раванди таълими донишҷӯён қарор доранд.

Мо ба устод барори кори эҷодӣ, саломатӣ ва сарбаландӣ мехоҳем!

Қ. АЗИЗ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *