Филми нави Талабшо Муқимов ва баҳои пасти Шӯрои бадеӣ ба он.

Талабшо Муқимов, ровӣ ва журналисти тоҷик, ки чанд сол ба инҷониб дар телевизиони «Сафина» ба ҳайси ровии барномаҳои ашколи «ток-шоу» дошта, фаолият мекард ва ҳамакнун бо сабабҳои номаълум ин боргоҳро тарк гуфта, аз рӯнамоии филми наваш бо номи «Бедил» хабар дод.

Ба иттилои муаллифи «Бедил» дар ин филм ҳунармандони ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Аммо аз ҳама вазни калидии ин филм дар он аст, ки бори аввал Сурайё қосимова дар ин филм нақшофарӣ мекунад ва он ҳам дар нақши модар.

Бо ин ҳама «Кару фар(р)» бо иттилои манобеи мӯътамад ин филм аз сӯйи Шӯрои бадеии «Тоҷиккино» баҳои паст гирифта буд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки боз рӯнамоӣ мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ин аввалин филми Талабшо Муқимов нест, ки ба танқид дучор шуда бошад. Пештар аз ин филми ду мавсимаи ӯ «Беҳуда хорам мекунӣ» аз сӯйи мунаққидони кино танқиди шадид шунида, ҳатто пешниҳоди бардоштани он аз фиттаҳо низ шуда буд. Ва инак «Бедил» ҳунӯз набаромада, аз баҳои паст гирифтанаш дар сомонаҳо ҳадс мезананд. Пас суоле ба миён меояд, ки оё филми аз сӯйи Шӯрои бадеӣ баҳои паст гирифта, ҳуқуқи рӯнамои шуданро дорад ё не???

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

50 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *