Филми ҳуҷҷатиро кӣ тарҷима кард?

Филми ҳуҷҷатии  вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар он Эрон дар сармоягузории қатли чандин чеҳраи саршиноси тоҷик гунаҳгор дониста мешуд, бо чаҳор забон тарҷума ва дар Интернет пахш шудааст.

Ин филми 45-дақиқаӣ, ки шоми рӯзи 8-уми август тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ намоиш дода шуд, рӯзи 17 август бо забонҳои узбакӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ ба пуррагӣ тарҷума шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук, YouTube ва Одноклассники паҳн шудааст. Чанде аз сомонаҳои хабарӣ , ки ҳуввияти моликонашон маълум нест, низ ин филмро бо чаҳор забон нашр кардаанд.Аммо мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки филм аз сӯи ин ниҳод тарҷума нашуда ва маълум нест, ки кӣ ин корро кардааст. «Чун филм ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфтааст, шояд касе ин корро кардааст»,-гуфт Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон. Аммо вай дар посух ба ин суол, ки ин кор ба чӣ ҳадаф сурат гирифтааст, изҳори беиттилоӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *