Олимзода: Табибон бо доруфурӯшон ҳамкорӣ накунед!

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон такроран таъкид намуд, ки ҳамкории табибон бо ширкатҳои доруфурӯшӣ дар кишвар мамнуъ мебошад. 

Олимзода дар ин бора зимни як ҳамоиш бо рӯзноманигорон иттилоъ дода, таъкид намуд, ки манъи ҳамкории табибон бо доруфурӯшон аз талаботи Кодекси тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар кишвар қабул гардид.

Вазир иттилоъ дод, ки фаъолияти ҳудуди 12 ширкатро, ки бо табибон ҳамкорӣ доштанд, пурра қатъ намудаанд. Ӯ ҷой доштани ҳолатҳои коррупсиониро дар муассисаҳои тиббӣ тасдиқ карда, барои решакан кардани он шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват намуд ва афзуд, ки бартараф кардани ин зуҳурот бидуни иштироки шаҳрвандон ғайриимкон аст.

Тибқи иттилои вазир ба ҳолати нимсолаи аввали соли равон маоши табибон аз 800 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *