Фиреби духтархон дар шаҳри Бӯстон
-Муллоева Шоира ном ҷавонзан соли 2009 бо духтарам дугона шуду ба хонаи мо роҳ ёфт. Аммо аз рӯзи аввал нақшаи фиреби ману духтари соддамро дар сар доштааст. Бо лаҳни вайрон-нимтоҷикию нимрусӣ “шумо минбаъд барои ман ҳам модар ҳастед, ману духтаратон Замира танҳо дугона не, хоҳарон ҳастем…” гуфта мисоли мор ба остини мо даромад.Танҳо қайди ҷои таваллуди ин зан дар се ҷо ба қайд гирифта шудааст, кас намефаҳмад, ки аслан зодаи куҷост ва чӣ гунаву чӣ кора аст. Фақат баъди моро фиреб доданаш аз пайи ӯ шуда кӣ буданашро муайян кардем, ки “машеник”-е, ки як не, даҳҳо нафарро мисли мо фирефта будааст-гуфт зани фиребхӯрда, сокини шаҳри Бӯстон- Юнусова Анифе .
-Соли 08.09.2016 Шоира бо ваъдаи то се моҳ пурра баргардонидани қарз ба арзиши 16.500 доллари ИМА-ро гирифт ва то охири сол бо зорию зурӣ ҳаммашро баргардонид ва бо ин васила бо боварии мо бештар соҳиб шуд. Аммо соли 2017 “дар давоми ду моҳ ба пуррагӣ бармегардонам” гуфта, се бор дар маҷмӯъ 29000 доллари ИМА, ки онро барои харидории хона аз шаҳри Хуҷанд ҷамъ карда будем, гирифт. Он ду моҳи гуфтаи Шоираро 5 моҳ гузашт. Маълум шуд, ки моро фиреб дода будааст. Бо ин масъала ба чандин сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардем, аммо то ҳол масъалаи мо ҳалли худашро наёфтааст, чунки мо як бор арз кардан равем, Шоира 2-3 бор “хабаргирӣ” меравад-афзуд ӯ…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикстон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ