Падарро мекушанд, модарро зинда ба зинда гӯр мекунанд, занро оташ мезананд, чаро?

Ин ҳодиса 3-4 рӯз пеш дар самтраве рӯй дод, ки аз Зарафшон ба самти маҳаллаи 46 ҳаракат мекард.

Азбаски рӯзи истироҳат буд, мардум аз пайи мушкилоти зиндагии худ шитоб доштанд. Аз истгоҳи маҳаллаи 102 ба самтрав пиразани лоғарандоме нишаст, ки ба назар тақрибан 80-85 сола менамуд. Кампир бо мадади одамон базӯр ба машрутка савор шуда, дар курсии наздиктарин нишаст. Дар ҳамин фасли сарди зимистон дар пояш пойафзоли тобистона ва дар тан як куртаи тунуку  жемпери нимдошти ғиҷимшудае дошт. Пайкараш аз шиддати хунукӣ дарақ-дарақ мелазид, чашмонаш бошад, аз гиря варам карда буданд. Пиразан аз мусофирон, ки саволомез ба ӯ менигаристанд, шарм дошта, рӯяшро  ҷониби тиреза гардонд, то ашки чашмонашро пинҳон созад, вале оби дидагонаш мисли дарёи маҷрогумкарда беихтиёр ба рӯйи рухсораҳои пурожангаш мешориду мешорид…

-Очаҷон, дар ин рӯзи хунук куҷо рафта истодаед?-Пурсид духтараке.

Пиразан оҳи сарду пударде кашид ва лаб газида гуфт:

-Духтарҷон, беҳтараш ту напурсу ман нагӯям. Бачаҳоям маро аз хона пеш карданд.

Модар инро гуфту инони ихтиёр аз даст дода, бо овози баланд ба гиря даромад: «Дар 30-солагӣ бева мондам. Талабгорони зиёде доштам, вале ба хотири се фарзандам дубора шавҳар накардам, то ки бачаҳоям пеши пойи паиндар хору зор нашаванд. Худам нахӯрда онҳоро хӯрондам, пӯшондам, соҳиби зану фарзанд кардам. Имрӯз, ки пир шудаам, дарду сару нонхӯри зиёдатӣ гуфта, маро аз хона ронданд…»

-Очаҷон, ба хонаи ягон хешатон рафта истодаед?-Пурсид мусофири дигар.

-Эҳ бачам, фарзандони худам маро аз хона пеш карданд, магар дар хонаи хешу табор меғунҷам?! Ба милисахона рафта зорӣ мекунам, ки маро ба хонаи бесоҳибон (хонаи куҳансолонро дар назар дошт) бурда супоранд. Бачаҳоям нигоҳ накаданд, давлат мани бесоҳибро нигоҳ мекардагист…

Бисёр мехостам бо ин модари аз ҷабри фарзандон сарсону саргардон муфассал суҳбат карда, достони зиндагӣ ва ному суроғаи макони зисти фарзандонашро аниқ намуда, сагузашти талхашро дар газета нависам, аммо дар истгоҳи навбатӣ пиразан аз самтрав фаромад ва ман, ки дар дасти кӯдаки хурдсол доштам, имкони аз паси ӯ рафтан наёфтам.

Пиразан рафту ба ёдам ҳодисаи дигаре расид, ки соли гузашта дар маҳаллаи 33 рӯй дода буд. Он вақт як модари 72 соларо аз Хатлон писаронаш бо фиреб ба шаҳри Душанбе оварда партофта рафтанд. Гуноҳи кампири бечора танҳо он будааст, ки ҳавлиро рӯбеду косаю табақро шӯед ва тозагӣ кунед гуфта ба асаби келинҳо мерасидааст. Панҷ писар дошт он пиразан ва фарзандонаш ба хотири аз ҷанҷоли занҳояшон халос шудан модарро ба пойтахт оварда дар истгоҳи «Управленияи ГАИ» партофта, думашонро хода карда гурехтаанд.

Мурод аз овардани санавишти талхи ин ду модар, ки дар дами пирӣ фарзандонашон онҳоро аз хона рондаанд чист? Костагии ахлоқ ва аз байн рафтани ҳисси эҳтирому муҳаббату шафқат дар хонаводаҳо!

Мо мардуми тоҷик ҳамеша мушт ба сина кӯфта, ифтихор мекунем, ки миллати тоҷдору номдор ҳастем. Дар ҳақиқат миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо ахлоқи нек ва фазандони фарзонааш ном баровадааст, вале дар тули се соли охир моро чӣ дарди баде расидааст, ки падар мекушем, модарро зинда ба зинда гӯр мекунем ё аз хона меронем, зану духтарони худро оташ мезанем?!

Дар тӯли се моҳи охир танҳо дар Вилояти Суғд се ҳодисаи падаркушӣ ба вуқуъ пайваст. 12-уми сентябр сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Некбахт Назуллоеви 25 сола падараш Ғайрат Назуллоеви 47- соларо бо бел зада кушт. Пас аз чанд соати ин рӯйдоди хунин дар ҷамоати Хистевази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як ҳодисаи нангини падаркушӣ ба вуқуъ пайваста, Зариф Ҷумъаеви 43 сола падари 65- солаашро 5 корд зад. Санаи 21-уми ноябр дар Ашт боз як ҳодисаи падаркушӣ ба амал омад ва як сокини 42-солаи ин ноҳия падари 86-солаашро бо асо зада кушт. Барои миллате, ки садҳо насиҳатномаю панднома ва «Шоҳнома»-ю «Маснавӣ» дорад, магар падаркушию модаркушӣ айб нест?! Бо ин ҳол мо ба куҷо равонаем?

Дигаронро намедонам, аммо бо шунидани ин ҳодисаҳои нангин маро даҳшат фаро мегирад. Ба чашмакони духтарчаи 5-солаам, ки барояш ҷонамро дареғ намедорам, нигариста аз дил мегузаронам, ки наход дар даврони пирӣ ӯ маро мисли як чизи зиёдатӣ ба кадом як кӯча буда партояд?! Метарсам, оре метарсам, зеро ҳурмату эҳтиром ва муҳаббату дилбастагӣ дар оилаҳо аз байн рафта, падаркушию модаркушию занкушӣ мисли заҳрпечак дар кишвари мо торафт бештар доман паҳн карда истодааст. Ҳафтае нест, ки ягон хабари даҳшатангези куштори бераҳмонаи зан, шавҳар, модар, падар, келин ё хушдомане паҳн нашавад. Куштор, зӯроварӣ дар оила, гум шудани кӯдакону духтаракони ноболиғ, одамрабоӣ, ҷалби занону духтарон ба фоҳишагию танфурӯши, бо роҳи фиреб ва ваъдаи кори седаромад ба хориҷи кишвар ба ғуломӣ бурдани занони тоҷик-решаи ин ҳама дарду доғҳои ҷомеаи мо дар костагии ахлоқ аст. Набудани маърифати оиладорӣ ва ҳурмату эҳтироми тарафайн, мушкилоти иқтисодӣ ва камбудии рӯзгор, ба муҳоҷират рафтани қисми зиёди ҷавонмардони тоҷик ва бе муттакову бе тарбия мондани аҳли хонаводаашон, паст будани сатҳи дониш, маърифат ва саводнокии занону духтарон, надоштани ҷойи кор ва шуғле, ки даромад оварда тавонад, рашк ва набудани боварӣ миёни зану шавҳар-ин аст чанд сабаби асосии костагии ахлоқу маънавиёт ва зӯроварии хонаводагию кушторҳои бераҳмонае, ки вақтҳои охир ба вуҷуъ мепайванданд.

Ёд дорам, замони кӯдакии мо падарам ҳар шаб дар хонаамон як маҳфили адабӣ меорост. Як асари ин ё он нависандаро интихоб намуда, мо, аҳли оила, аз хурд то бузург ҳама онро мехондем ва баъдан рафтори қаҳамонҳояшро байни худ муҳокима карда, фикру ақидаҳои худро мегуфтем. Падари ман (руҳашон шод бод) адабиётшинос, олим ё файлафуф набуданд, вале ҳатто як рӯз бе киоб зиндагӣ карда наметавонистанд ва мо, фарзандонашонро низ бо китоб тарбият мекарданд. Ба шарофати китобдӯстии падар ҳамаамон соҳиби маълумоти олӣ гашта, роҳи худро дар зиндагӣ пайдо намудем. Имрӯз дар кадом оила суҳбат аз боби китоб ва табияву ахлоқ меравад?! Дар дасти ягон ҷавон дар дохили самтрав, дар истгоҳ ё автобус китоб мебинед? Кадом падар ё модарро дидаед, ки барои фарзандаш китоб (асари бадеио дар назар дорам, на китоби дарсӣ) харад? Мо барои фарзандонамон ба 500, 1000 ва ҳатто ба 2000 соамонӣ телефон мехарем, аммо ба 10-20 сомонӣ китоб харидан намехоҳем, чунки дар назарамон қимат менамояд. Дур мондан аз тарбияи ахлоқӣ боис гаштааст, ки имрӯз писар падарро мекушад, келин хушдоманро корд мезанад, зан қасди ҷони шавҳар мекунад ё баръакс шавҳар сари занро аз танаш ҷудо карда, мисли қассоб гушту устухонашро майда мекунад ё зинда ба зинда оташ мезанад. Ман метавонам ному насаб ва суроғаи аниқи даҳҳо занону духтарон ва падару модаронеро ин ҷо зикр намоям, ки аз дасти фарзанд, ҳамсар, дилдода, ё дигар шахси барояшон наздик ва азиз бо 20, 30, 40 захми корд басо бераҳмона кушта шуданд. Метавонам санавишти талхи модареро бароятон ҳикоят намоям, ки писараш ӯро зинда ба зинда гӯр кард. Метавонам дар бораи Маҷнунҳои қотиле нависам, ки Лайлиҳои худро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Боварӣ дорам, ки бо шунидани тафсилоти ин рӯйдодҳо мӯйи баданатон виҷирос мезанад, зеро ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар кишвари мо рӯй дода истодаанд, он қадар даҳшатангезу ваҳшатангезанд, ки боварӣ дорам, агар филмсозони Голливуд шунаванд, даҳонашон воз мемонад. Аммо ман танҳо ду ҳодисаро мисол меорам, то фикр накунед, ки муҳобот мекунам ё афсона мегӯям. Моҳи августи соли 2016 сокини деҳаи Тағойободи ноҳияи Ёвон Маҳмаддовуд Азимов ҳамроҳи ҳамсараш Бибича ва набераи 7-солааш Дилафрӯз ба редаксияи ҳафтаномаи «Оила» омада, аз он шикоят намуд, ки ду моҳ боз духтараш Дилороми Маҳмаддовуд бе ному нишон гум шудааст. Ин мард ба чандин идораҳо муроҷиат карда бошад ҳам, касе ба додаш нарасидааст. Баъзе аз кормандони мақомот ба ҷойи он ки аз паси ҷустуҷӯи Дилором шаванд, Маҳмаддовуд Азимовро ба он муттаҳам кардан мехостанд, ки гӯё духтараш бо ким-кадом марди бегона гурехта рафтааст. Духтари Дилором-Дилафрӯзи 7-сола бо чашмони пур аз ашк мегуфт, ки  падараш дар пеши чашми ӯ модарашро кушта, баъд ҷасадашро бо корд пора-пора кард ва ба ду халта андохта ба мошин бор карду ба куҷое бурд. Вақте нақли Дилафрӯзи 7-сола дар газета чоп шуд, бархе аз ташкилотҳо моро ба он муттаҳам кардан мехостанд, ки ба фантазияи як кӯдак бовар карда, сенсатсия кардан мехоҳем, аммо дере нагузашта ҳақиқат рӯйи об баромад. Пас аз нашри ин мақола мақомот аз паси ҷустуҷӯи Дилороми Маҳмаддовуд шуданд ва баъди 8 моҳ боқимондаҳои ҷасади ин ҷавонзани бадбахтро аз зери хок пайдо намуданд. Маълум шуд, ки суханҳои Дилафрӯзи худакак дар бораи марги фоҷиабори модараш фантазияи кӯдакона набудаанд. Дар ҳақиқат шавҳараш Маҳмадюсуф дар пеши назари духарчааш Дилоромро бераҳмона ба қатл расонида, сипас ҷасадашро пора-пора карда, оташ задааст. Боқимондаҳои ҷасади ин ҷавонзани ормониро аз зери теппаи фурӯрафта пайдо намуданд.

Ҳодисаи нангини дигари занкушӣ ҳамагӣ як моҳ пеш дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъ пайваст. Ин дафъа кадом як марди бозорию бемаърифат не, духтури эҳёгар-реанематолог дар пеши чашми фарзандонаш ба сари ҳамсараш Матлуба як сатил бензин рехта, ӯро зинда ба зинда оташ зад. Ин ҳодисаи нангин рӯзи 26-уми октябр ба вуқуъ пайваст ва пас аз 4 рӯзи пур аз азобу машаққат, санаи 30-юми октябр ин ҷавонзан бо заҳмҳои хунчакон ҷон ба ҷонофарин супурд. Аз рӯйи гуфти модари Матлуба ин марди соҳибмаълумот, духтур ба ҷойи кори занаш рафта, дар пеши назари шогирдонаш, талабаҳои синфҳои 8-9 Матлубаро ҳақоратҳои қабеҳ медодааст ва ҳатто ҷодугар меномидааст. Вақте сабаби даст ба куштори ҳамсараш задании духтурро пурсон шудаанд, гуфтааст, ки занаш ба вай хиёнат мекард. Мепурсанд, ки ягон далел дорад. Мард ҷавоб медиҳад, ки ягон далел надорад, вале дилаш гувоҳӣ медод, ки занаш бо ягон кас мегардад. Модари зори Матлуба мегӯяд, вақте духтари сар то по сӯхтаамро ба беморхона бурдем, сардорашон (роҳбари идораеро дар назар дорад, ки домодаш дар он ҷо кор мекардааст) ба наздам баромада гуфт, ки ӯ касалии руҳӣ дорад. Дар ҷавоб гуфтам, ки агар касалии руҳӣ дошта бошад, чӣ хел ин қадар сол духтур шуда кор кард? Ин модар рост мегӯяд, агар ин мард гирифтори бемории руҳӣ бошад, пас чаро тақдири беморонро дидаву дониста ба як псих (Барои дағалиам узр мепурсам) бовар кардаанд? Бемор бошад, чаро ӯро сари вақт ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ набурданд, то кор то ба оташзанию куштори бераҳмонаи зан нарасад? Охир ӯ табиб буд ва дар паҳлуяш афроде кор мекарданд, ки аз як нигоҳ солим ё бемор будани одамро медонанд!

Бархе бар он андешаанд, ки сабаби ин кушторҳои бераҳмона дар вазъи иқисодӣ ва мушкилоти зиндагист, аммо ман ба ин фикр комилан розӣ нестам. Миллати тоҷик дар масири таърих чандин гуруснагию қаҳтӣ ва ҳатто ҷангҳои берамҳонаро пушти сар кард.  Боре шунидаед, ки дар давраи револютсия, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ва ҳатто дар давраи ҷангҳои дохилӣ ягон мард аз нодорӣ занашро оташ зада ё падару модарашро ба кӯча баровада партофта бошад?! Боварӣ дорам, ки нашунидаед! Дар он солҳо вазъият он қадар сангин буд, ки одамон кунҷораю сабус ва решаи гиёҳҳоро аз зери замин кофта мехӯрданд, аммо касе қасди ҷони инсони дигар намекард, писар падар намекушт, мушт ба сари модар намебардошт, чунки табияи ахлоқӣ дар замони Шӯравӣ бисёр пурзӯр буд ва ҳеҷ кас нисбати мушкилоти шахси дигар бепарвоӣ зоҳир намекард. Зоҳиран одамони советӣ гӯё худоро намешинохтанд, аммо он қадар худотарсу ботабият буданд, ки ҳатто мурчаро озор намедоданд. Имрӯз мо ҳама худотарсу худошинос шудаем, сатр мепӯшем, намоз мехонем, аз гӯру қиёмат ҳарф мезанем, аммо эҳтироми падару модар, муҳаббату ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар оҳиста-оҳиста аз байн рафта, ҷойи онро бераҳмию бепарвоӣ нисбат ба сарнавишти инсон мегирад. Бетарафии аҳли ҷомеа боиси он гашта истодааст, ки чунин ҳодисаҳои нохуш, ваҳшатзо ва нанговар дар кишвари мо торафт бештар доман паҳн карда, мисли заҳрпечак ё ботлоқи бадбӯй моро ба коми худ фурӯ кашида истодаанд. Модари Матлуба мегӯяд, панҷ соли охир духтараш аз дасти шавҳар рӯз надошт. Пештар вақте дар ин ё он хонавода нофаҳмӣ ба вуҷуд меомад, калонсолони ба байн даромада, кӯшиш мекарданд, ки зану шавҳари ҷавонро бо панду насиҳат ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд ва оиларо аз вайроншавӣ наҷот диҳанд. Имрӯз чӣ? Имрӯз мо ҳама масалӣ «туро газад маро чӣ ғам?!»-ро шиори худ намудаем ва андеша намекунем, ки моҷарои хонаи ҳамсоя метавонад фардо ба хонаи мо бикӯчад. Моҳи январ ё февали соли 2016 Зуҳром ном ҷавонзани Норакӣ худро бо 4 духтарчааш ба дарё об партофт ва ба думболи ӯ боз 3 зани дигар қасди ҷони худ вафарзандонашон намуданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ин занҳо ягона роҳи наҷотро дар куштану худ ва ҷигабандонашон диданд? Посухи ин савол яктост: Дар атрофашон касе набуд, ки руҳан ин занҳоо дастгирӣ намояд, дилбардорӣ кунад ва роҳи дурусти зиндагиро ба онҳо нишон диҳад. Ин занҳо на дар хонаи шавҳар ва на дар хонаи падару модар такягоҳе наёфтанд, аз ҳамин сабаб аз ҷабри шавҳар, хушдоман, хоҳаршӯй ё каси дигар даст ба худкушӣ зада, натанҳо худ, балки кӯдаконашонро низ ба марг маҳкум намуданд. Аз ин ҷо саволи дигаре ба миён меояд, ки пас раисони маҳалаҳо, раисони ҷамоат, намояндагони мақомтҳои маҳаллӣ ба куҷо менигаранд? Раис бетараф, муаллим метараф, духтур бетараф, шоир бетараф, нависанда бетараф, ҳамсоя ба мушкилот ва моҷарои хонаи ҳамсоя бетараф аст, аз ҳамин сабаб писар падарро мекушад, келин қасди куштори хусуру хушдоман мекунад (Дар Ёвон келин қасди ҷони хусуру хушдоманаш намуду дар Вилояти Суғд ду арӯс дасти худро ба хуни модаршӯй олуда намуданд) хоҳаршӯй янгаро месӯзонад, шавҳар ба сари зан бензин пошида, дар пеши чашми фарзандонаш ӯро оташ мезанад ё пора-пора мекунад.

Имрӯз танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо чунин ҳодисаҳои нангин мубориза бурда, ҷинояткоронро дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида истодаанд, аммо ба пушти панҷара шинондани чанд нафар роҳи ҳалли масъала нест. Аз бетарафӣ то башарафӣ танҳо як қадам роҳ аст, аз ин рӯ мо набояд нисбати ин масъала бетараф бошем.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки аз буҳрони иқтисодӣ дар тӯли 3-5 сол баромадан мумкин аст, вале раҳоӣ ёфтан аз буҳрони ахлоқию маънавӣ кори саҳлу осон нест. Агар имрӯз мо пеши роҳи ин падидаҳои нангин ва буҳрони ахлоқию маъравиро нагирем, фардо дер мешавад!

Чӣ бояд кард, то пеши роҳи чунин ҳодисаҳои нангин ва нохуш гирифта шавад?-Ин суолест, ки се сол боз онро ба худ медиҳам. Имӯз ин саволро ман ба шумо, хонандагони азизи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дода, хоҳиш менамоям, ки андешаҳоятонро дар ин мавзуъ нависед. Бошад, ки ҳама дар якҷоягӣ роҳи аз ин ботлоқи маънавию ахлоқӣ баромаданро пайдо намоем!

 Фирӯза Сатторӣ, Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оила»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *