Фиребо Оташ Содиқ — Афғонистон — Олмон
Ғазал
Бо гардиши нигоҳи ту мастона шуд ғазал,
Дар чанги лаҳзаҳо чӣ самимона шуд ғазал.
Ангур гашта пухтаву шаҳдаш ба ҷом монд,
Дар байни панҷаҳои ту паймона шуд ғазал.
Эҳсоси зан ба қайд монду оҳу дард,
К-аз дасти рӯзгор, ки мардона шуд ғазал.
Бо ҳар калом ҳофизи оташ баёни ишқ,
Меҳмони шомҳои ғарибона шуд ғазал.
Бар зулфони хастаи шеъри замони мо,
Сарпанҷаҳои пурфитани шона шуд ғазал.
Чӯпони сарнавишт, ки зад нойи ишқро,
Оҳи худо шуниду девона шуд ғазал.
Дар нақши пойҳои ту хобид ноумед,
Бо вожаҳои шод, ки бегона шуд ғазал.
***
Воруна …
Ин манам озурдаи даврон манам,
Ин манам пўсидаи ормон манам.
Ин зани шӯрида к-аз фарти азоб,
Ҳар саволи зиштро бурҳон манам.
Ман баҳоронро дигар ҷўем куҷо,
Мурғаки овораи бӯстон манам.
Гоҳ ба шакли ину он нақшам диҳанд,
Ҳамчу мум бозичаи дастон манам.
Фарзандонам зи ман бегонаанд,
Модари ранҷидаи афғон манам.
Дасту поямро ба занҷир бастаанд,
Аз ҷафоҳошон дари зиндон манам.
Дар китоби зиндагонӣ ҳар замон,
Мазмуни ворунаи достон манам.
Бенишониҳоро доштам нишон,
Ҳамчу ганҷ дар гӯшаи вайрон манам.
Доғҳоям ҳамчу лола бешумор,
Тифлаки бе модари домон манам.
Кулбаам вайрона шуд аз дасти ғам,
Ин зани бечораи афғон манам.
Гарчи хокамро ба бод доданд, вале,
Оташи сӯзандаи даврон манам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ