Фирори маҳбуси тоҷикистонӣ аз маҳбаси Русия

Шаҳрванди Тоҷикистон Камолҷон Калонов, ки қариб 20 солро дар маҳбаси Русия пушти сар кардааст, рӯзи 18-уми сентябри соли 2023, дар рӯзе, ки бояд озод мешуд, аз маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение)-и №19, воқеъ дар шаҳраки Маркови вилояти Иркутск фирор кардааст.

Камолҷон Калоновро бори аввал солҳои 90 бо ҷурми ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва фарзандхондии ғайриқонунӣ зиндонӣ кардаанд. Ӯ соли 1997 озод шуда, соли 2003 бо ҷурмҳои сангини куштор, ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва дуздии силоҳ ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст.

Далели фирори Камолҷон маълум нест. Ҳадс мезананд, ки ӯ дар ин 20 сол ба муҳити маҳбас одат кардааст ва шояд озод шудан намехоҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *