«Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» мусовӣ кард

Дастаи қаҳрамони Чемпионати футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар гурӯҳи «Е» бо дастаи қаҳрамони футболи Қатар клуби «Ал-Дуҳайл» бозиро мусовӣ (0:0) кард.

Ин вохӯрӣ 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуд ва 17 500 тамошобинро ба ҳам овард.

«Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар даври аввал бар «Персеполис»-и Эрон (2:0) пирӯз шуд, бозӣ мекунад. Рақобати «Ал-Наср» бо «Истиқлол» рӯзи 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *