Флойд Майвезер: Сарватмандтарин варзишгари 10 соли охир

“ Ман дар бокс ҳар коре накунам мақсади асосиам ба даст овардани маблағ мебошад! Гирифтани камарбанди мусобиқа бошад мақсади дуюмдараҷа ба ҳисоб меравад”. (Майвезер)

  Муштзани сарватмандтарини сайёра, ки дар ҳоли ҳозир аз ӯ сарвадмандтар нафаре дар олами варзиш касе нест. Ӯ бо 1,2 миллиарди худ байни муштзанон рекорд гузошт ва дар ҳар роқобат миллионщои дигар ба хазинаи худ ворид карда истодааст.

50 рақобат 50 пирӯзӣ, чунин натиҷаи бе бохти рекордӣ то ҳол ба ҳеҷ як муштзани сайёра муяссар нашудааст. Ӯ танҳо дар рақобати зидди Мэнни Пакяо ва ғолиб омаданаш дар ин рақобат тавониста буд 180 млн доллар ба даст орад. Дар рақобат зидди Конор Мекрегор бошад 150 миллион доллари дигар ба хазинаи худ ворид намуд ва танҳо дар ду рақобат зиёда аз 300 млн доллар ба даст овард.

 Чанде қабл бошад оморнависи риштаи бокс — Дэн Каноббио дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд муайян кард, ки Флойд Мейвезер аз соли 2010 то соли 2020 дар ҳар як зарбаҳои самаранокаш чӣ қадар маблағ ба даст овардааст. Боксчии 42- солаи амрикоӣ дар ин фурсату фосила 10 рақобат баргузор намудааст, ки дар натиҷа 4270 зарба ҷониби рақибон равон намудааст, ки 1833 зарбаи ӯ ба нишон расидаанд.

Ҳамин тавр Мейвезер дар ин рақобатҳо 915 миллион доллар ба даст овардааст, ки ҳар як зарбаи ба нишонрасидааш зиёда аз 499 ҳазор долларро дар бар мегирад.

Рақибони Мейвезер аз соли 2010 то соли 2020 инҳо буданд: Шейн Мосли, Виктор Ортис, Мигел Котто, Роберт Герреро, Саул Алварес, Маркос Майдана (ду маротиба), Мэнни Пакяо, Андре Берто ва Конор Макгрегор.

Қаблан маҷаллаи Forbes Флойд Мейвезерро сарватмандтарин варзишгари даҳсолаи охир эълон намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *