Чойхоначии рақами 1-и кишвар 80 сола шуд

Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори маъруф ва чойхоначии “Чойхонаи Дилкушо” – маъруфтарин барномаи солҳои 80-уми телевизиони тоҷик 80 сола шуд.

Саидмурод Мардонов 5 январи соли 1940 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии маҳаллаи Сардор Қарахонов дониш омӯхта, аз соли 1959 то 1964 дар Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд дар факултети актёрӣ таҳсил кард ва баъди хатми мактаби олӣ дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, ҳозира ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, таи солҳои 1964—1966 ба ҳайси актёр фаъолият намуд. Аз соли 1966 дар асоси фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 то ба имрӯз дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дорад.

Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х.Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М.Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш.Қиёмов ва А.Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М.Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А.Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С.Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У.Раҷабов) ва филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ».

Номбурда ҳамчунин, дар даҳҳо филм ва намоишҳои телевизионӣ нақш офаридааст. Вале маъруфияти асосиро ба ҳунарпеша барномаи “Чойхонаи Дилкушо”-и телевизиони тоҷик овард. Ҳамчунин, саҳнаҳои ҳаҷвии ӯ бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов маъруфияти зиёде пайдо кард.

Феълан ҳунарпеша бознишаста аст. Дар суҳбати телефонӣ бо сомонаи pressa.tj мухлисонашро бо соли нав табрик карда, вазъи саломатиашро хуб арзёбӣ кард.

Номбурда бо  Ордени «Нишони фахрӣ», унвонҳои «Аълочии коркуни маданияти СССР», «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *