Фоҷеа дар Деваштич! Кӣ ва чаро ду фаррошзани идораи заминро кушт?

Куштори ваҳшиёнаи ду зани фаррош дар идораи замини ноҳияи Деваштич, ки санаи 17-уми июл, дар рӯзи истироҳатӣ рух дод, на танҳо вилояти Суғд, балки Тоҷикистонро такон дод. Аз ин қазия 10 рӯз гузашта бошад ҳам, сарусадо атрофи он паст нашудааст, зеро гумонбар дар ин ҳодисаи хунин корманди идораи замин аст. Мо барои фаҳмидани асли воқеа ба ноҳияи Деваштич сафар кардем…

Фарёд аз мотамхона

Вақте ба хонадони кушташудагон — оилаи Фозиловҳо рафтем, садои гиряву нолаи ҷонкоҳи ду модари ҷигарсӯхта, 4 фарзанди аз ин занҳо ятиммонда ва дигар наздикону пайвандон ба фалак мепечид.

Хонаводаи Фозиловҳо дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич зиндагии миёнаҳолона доранд, ки сабаби рӯ ба фаррошӣ овардани Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола шудааст.

Духтари Умеда Зокирова оид ба куштори модараш гуфт: “Мо дар оила се духтар ҳастем. Модари меҳнатию ормониям барои ба падарам дар таъмини зиндагӣ кумак кардан дар Кумитаи идораи замини ноҳия фаррош шуда кор мекард. Шояд аз сетои мо як нафарамон ҳадди ақал писар шуда нон меёфтем, модарам хору зор ва мардикору фаррош шуда, фоҷеавор кушта намешуд. Модарам “худам нахондам, духтаронам хонда соҳиби илм шаванд” гӯён, шабу рӯз меҳнат мекард. Хоҳари хурдиам, ки донишҷӯйи соли якум аст, дар риштаи рӯзноманигорӣ мехонад. Ду тангаи ночизи фаррошияшро модарам ҷамъ мекард, ки барои хондани хоҳаракам сарф кунад. Аммо аз дасти одаме кушта шуд, ки барояш хӯрок мепухт, ношустаҳояшро мешуст ва ҳуҷраашро саришта кардаю таги пояшро тоза мекард”.

Умеда мегӯяд, модару аммаашро корманди Идораи замини ноҳияи Деваштич Саҳобиддин Мунавварзода ба қатл расонидааст. 

“Ба кор рафту аз МОРГ ёфтем”

Вақте аз духтари Умеда пурсидем, ки чӣ хел ва кай аз ҳодиса хабардор шудааст, чунин нақл кард: “Рӯзи якшанбе буд. Ман дар хонаи худам будам. Бибиям Муъмина Аҳмадова занг заданд, ки тез ба хона биё. Овозашон меларзиду гиряолуд буд. Гумон кардам, ки ба бобои беморам ягон ҳодиса шудааст. Давида ба хона омадам, ки бобоям тинҷу бибиям доду фарёд карда, “дав-дав, ба кумитаи замин рав” гуфтанд. Аз деҳаи Ғазантарак дар ҳамин ҳавои гарм давон-давон то идораи замин рафтам. Он ҷо пури милиса. Иҷозаи ба дарун даромадан надоданд. Чун суроғи модарамро пурсидам, гуфтанд, ки дар беморхона аст. Давида то беморхона омадам. Дар он набуд. Касе гуфт, ки модарат дар сардхона. Рӯи сардшудаи модарамро дар МОРГ дидам, ки ба хун ғӯттавар хобидааст”.

“Духтарамро худам ба сӯйи марг бурдам”

Қосим Зокиров падари Умеда Зокирова аст, ки солҳои зиёд ба ҳайси ронанда кор кардааст. Ин падари ҷигарсӯхта бо ашки шашқатор гуфт: “Як кондитсионери идораи замин сӯхтааст. Ҳар хел сӯхтапораҳо ба замин афтодааст. Рӯзи шанбе, 16-уми июл ва бо шунидани хабари сӯхтор духтарамро зуд ба онҷо бурдам, ки тоза кунад. Чӣ медонистам, ки фарзандонамро худам ба сӯйи марг мебарам. Намедонистам, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ корманди идораи замин Саҳобиддин Мунавварзода барои амалӣ кардани мақсадҳои нопокаш пайти мувофиқ кофта, ба идораи замин меравад ва он ҷоро оташ мезанад. Ман тахмин мекунам, ки духтарам ва келинам аз корҳои ӯ бохабар мешаванд ва ӯ оташин шуда, ҳардуро кордборон мекунад. Агар мо он рӯз ба идораи замин намерафтем, он ҷо ба коми оташ мерафт, тамоми ҳуҷҷатҳо сӯхтаву гуноҳҳои Мунавварзода пинҳон мемонд… Вақте ҷасадҳоро оварданд, дасту поям меларзид. Ҳатто ба чашму рӯяш ҳам корд зада будааст лаънатӣ. Дар қисмати шушаш 3-4 корд задааст. Шояд духтараки нокомам барои ҳимояи худ дасташро ба рӯяш пӯшида бошад, ки дастонаш низ пора ва хуншор буданд…”.

То ҳанӯз сабаби аслии даст ба чунин кор задани корманди идораи замин, ки дар ин қазия гумонбар аст, маълум нест. Ҳоло тафтишот идома дорад ва аз натиҷаи он ба шумо хабар хоҳем дод.

Табиб: Аз хунравии зиёд фавтидаанд

Хосият Абдураҳимова, яке аз наздикони занони кушташуда табиб аст. Ӯ гуфт, ки вақте мурдаҳоро диданд, оғӯштаи хун буданд ва захми кордҳоро шуморида намешуд. Вақти шустушӯй кардан муайян шудааст, ки дар бадани ҳарду наздики 15-тоӣ захми корд аст.

Хосият гуфт: “Ба раги калони гардан, пеши чашм, дил, ҷигар, пушт ва ба дастони Умеда корд задаанд. Хуни зиёд рафта, дарҳол фавтидааст. Дар бадани Вориса 13 захм буд. Зарбаҳо ба узвҳои ҳаётан муҳим зада шудаанд. Асосан аз зарби корд ба дилу ҷигар фавтидааст. Табиист, ки дар ин ҳолат ҷабрдида зинда намемонад ва хунравии зиёд сабаби асосии фавти онҳо шудааст”.

Наздикони қурбониён тахмин мекунанд, ки ин куштори гуруҳӣ аст. Як нафар ду занро ваҳшиёна кушта наметавонад. Шояд дар ин ҳодиса дигарон низ даст дошта бошанд…

“Ҳарду занҳо дар оила ҳам, дар кор ҳам, бо ҳамагон муносибаташон хуб буд. Танҳо пайи кори худу зиндагии худ буданд. Агар аз тоифаи занҳои бадахлоқ ва ҷанҷолӣ мебуданд, мегуфтем, ки аз пушти феъли худ ба ҳодиса дучор шудаанд. Аммо тамоми мардуми Ғазантарак медонанд, ки Умеда ва Вориса беозор буданд”,- мегӯяд Хосият.

Имрӯз аз Вориса Фозилова як писар ва аз Умеда Зокирова 3 духтар ятим мондаанд. Ягона писари Вориса, ки ҳамагӣ дар яксолагӣ аз падар ятим монда буд, имрӯз дар синни 22-солагӣ аз модар ҳам мондааст. Ин ҷавон, вақте мо рафтем, дар ҳоли шок қарор дошт ва наметавонист ҷуз гиряву нола ҳарфе бигӯяд. Бибияш — Муъмина Аҳмадова гуфт, ки аз рӯзе модарашро куштанд, ҷавон ҳатто хӯрок намехӯрад ва метарсад, ки ягона ёдгорӣ аз духтараш бо ин ҳолат бемор нашавад.

Ин фарзандони модаргумкарда аз мақомоти қудратӣ мехоҳанд, ки ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ гардад ва гунаҳгорон ҷазои мувофиқ бигиранд.

Фарзона МУРОДӢ

Хуҷанд-Деваштич-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *