Фоҷеа дар Кӯлоб. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ… имкон дошт?

Бар асари садамаи нақлиётӣ, ки соати 19:30 дақиқаи рӯзи 6-уми август дар роҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ рух дод, 11 нафар ҳалок шуда, 12 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳодисаи мазкур дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст… 

Ҳодиса чӣ тавр рух дод?

Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, мошини боркаш бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гаштааст.

Гуфта мешавад, автомашинаи “Дулан” якчанд воситаи нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон мегардад, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар яке аз ин манзилҳои зист он рӯз маросими хурсандӣ буд. Дар як лаҳза тӯй ба мотам табдил ёфт…

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, мошини боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шудааст ва дар назди бозори «Сомонӣ»-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро тахриб кардааст.

Дар маълумоти ВКД зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

Пас аз ба вуқуъ пайвастани ин фоҷеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёде ба вуҷуд омад. Бисёриҳо суол мекарданд, ки имкон дошт, ки ин фоҷеа ҷилавгирӣ карда шавад? Зеро хатарзо будани нишебии роҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб мавзуест, ки борҳо матраҳ гардидааст. Ин маҳалест, ки на як маротиба чунин воқеа иттифоқ афтодааст. Чанд моҳ пеш ҳам мошини боркаш аз сабаби канда шудани тормозҳояш ба садама дучор шуда буд. Фақат он замон ронанда кӯшиш кард, ки ба дигарон зарар нарасонад ва чамбаракро ҷониби дарахтзор тоб дод. Худаш ва ҳамроҳаш қурбон шуданд, вале ҷони даҳҳо нафар наҷот ёфт.

Гап дар сари ин он ки дар ин роҳи сарнишеб ҳатто як таваққуфгоҳи садамавӣ нест, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ ронандагон дар он паноҳ биҷӯянд.

Дигар масъала вазни бори мошинҳост. “Фура” ва “Дулан”-ҳое, ки аз ин шоҳроҳ убур мекунанд, аз меъёри муқарраргардида зиёд бор мекунанд. Тарозуҳо бошанд, бо гирифтани маблағи муайян чашм мепӯшанд.

Тибқи муқаррарот мошинҳои боркаш ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва нигаҳдории роҳҳо дар давраи тобистон набояд тариқи шоҳроҳҳо ҳаракат кунанд, вале тавре сокинон мегӯянд, “Дуланҳо” ҳамарӯза роҳат аз маркази Кӯлоб мегузаранд.

Яъне даҳҳо сабабе ҳаст, ки боиси сар задани чунин садама шудааст ва агар масъулин дар идома чунин бепарвогӣ зоҳир кунанд, имкон дорад, ки борҳои дигар такрор ёбад.  

Pressa.tj рӯйхати фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагони садамаи шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлобро дастрас кард.

Фавтидагон:

1. Бобоназарова Сайёра, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кӯлоб;

2. Сайфова Бебунисо, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Кӯлоб;

3. Эргашов Шуҳратҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакӣ;

4. Абдуллоев Олимҷон, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Муъминобод;

5. Одинаева М., соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Кӯлоб;

6. Гулов Муболшо, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Кӯлоб;

7. Нирмадиев Шоҳрӯз, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб;

8. Каримов Фурқат, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Кӯлоб;

9. Розиқов Аминҷон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб;

10. Ёров Абӯбакр, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Кӯлоб.

Ҷароҳатбардоштагон:

1. Ҷумаев Файзалӣ;

2. Ёров Сафаралӣ;

3. Бобохонов Алиҷон;

4. Сӯфиев Қурбон;

5. Мадинаи Ҷумахон (баъд аз як рӯз дар бемористон фавтид);

6. Муминзода Шоҳрух;

7. Ахунов Суҳроб;

8. Ҳусейнов Ҳусейн;

9. Ҷӯраев Бахтиёр;

10. Фаридуни Ҷамолиддин;

11. Бакиров Хуршед;

12. Қурбонов Орзу;

13. Мирзоҳусейнов Толибҷон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *