ДДК: ҳамкориҳои хориҷӣ тавсеа меёбанд

Тавре ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб прафессор Раҳмон Дилшод Сафарбек иттиллоъ дод, онҳо бо беш аз 95 муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, марказҳои илмӣ — таҳқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз қабили Россия, Беларус, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкорӣ доранд.  

Ба болои ин бо панҷ донишгоҳи шаҳри Новосибирск, донишгоҳҳои давлатии омӯзгории ба номи А. Н. Герсен, гидрометеорологии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Алтай созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонидаанд.

Дар доираи лоиҳаи «ЭрасмусТриҷҷер»-и Хазинаи Аврупо, дар маркази омӯзишии шаҳри Афинаи Юнон 3 нафар омӯзгорони донишгоҳ таҳсилу таҷриба гирифта омаданд.

Дар назар аст, ки кафедраҳои тахассусӣ, умумидонишгоҳӣ ба таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ даст зананд. Дар маҷаллаҳои байналмилалии илмӣ нашри мақолаҳо ба роҳ монда шаванд. Айни вақт 14 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар ин муассисаи илмӣ таҳсил доранд. Оянда шумораи онҳо хоҳад афзуд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *