Шикасти «Соро компания» аз «Амонатбонк»

Пас аз танаффуси якмоҳаи марбут ба омодагӣ ва ширкати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», марҳилаи дуюми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2023 оғоз шуд.

Дар бозии марказии даври шашум қаҳрамони феълии кишвар «Соро компания» аз навдастаи мусобиқот «Амонатбонк» бо ҳисоби 3:6 шикаст хўрд. Аз ҳайати «Амонатбонк» Фаридун Неъматов хет-трик кард.

Дастаи душанбегии «Истиқлол» бар «Истаравшан» ғалабаи бузург (7:0) ба даст овард.

Дастаи дигари Душанбе — «Пойтахт» дар ин давр дар меҳмонӣ бар «Самандар» аз шаҳри Турсунзода пирўз (4:2) шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *