Фоҷеа: Худкушии ҷавонзане бо тифли яксолааш дар Язгулом

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи фоҷеавӣ дар ноҳияи Ванҷ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 13-уми июни соли равон як зани 20-сола, сокини деҳаи Будуни ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ худ ва писари яксолаашро ба дарёи Язгулом ғарқ кардааст.

— Сабаби ин худкушӣ маълум нест. Худи ҳамон рӯз соати 12:10 дақиқа ҷасади ҷавонзан пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи тифлаки яксола идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *