Сел дар Варзоб: Талафоти ҷонӣ нест, бартарафсозии паёмадҳо идома дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб хабар дод.

— Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июни соли 2022 дар деҳаи Ғажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб бинобар сабаби боридани борони зиёд дар километри 32-юм лойқа ва сангу шағал фаромада, муваққатан роҳ баста гардид. Борони шадид ҳамчунин ба 4 ҳавлӣ лойқа ворид намуд. Сокинони ин ҳавлиҳо муваққатан ба ҷойи амн кӯчонида шуданд. Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офат ва дигар намудани маҷрои сел як адад техникаи маҳаллӣ сафарбар шуда, тақрибан 120 метр селроҳа тоза ва барқарор карда шуд,- мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса талафоти ҷонӣ надошта, корҳои бартарафсозии паёмадҳои он идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *