Фоҷиа дар Истаравшан

Гулшода Ҳоҷиеваи модари ду фарзанд аз деҳаи Боғи Калони ҷамоати Гули Сурхи Истаравшанро хоҳаршӯяш Гулмира Ҳоҷиева рӯзи 19 май босе зарби корд кушт. Аҳли хонавода ҷасади ба хун оғӯшта, вале ҳанӯз зиндаи келинро чор соат дар боғи ҳавлӣ дар даруни кӯрпа аз чашми мардум пинҳон карданд. Вақте Гулшодаро ба бемористон бурданд, он қадар хунаш зиёд рафта буд, ки табибон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Ин куштор рӯзи 19 май дар деҳаи Боғи Калони ҷамоати Гули Сурх дар оилаи Ҳоҷиевҳо рух дод.

Гулшода Ҳоҷиева ба писари амакаш издивоҷ карда, соҳиби як духтару як писар буд. Ҳаёти ба сурати умум хуби Гулшода ҳамчун келини амакаш вақте ба ҳам рехт, ки хоҳаршӯяш Гулмира Ҳоҷиева аз шавҳараш ҷудо шуда, ба хонаи падар баргашт.

Маъмулан чунин хоҳаршӯҳои бахти аввалашон шикаста баъди бозгашт ба хонаи падар алами худро аз ҳама мегиранд ва пеш аз ҳама, аз келини хонаводаашон. Бахусус агар ин келин бо бародари онҳо зиндагии орому хуш дошта бошад…

Рӯзи 19 май ин муноқишаи тӯлонии хоҳаршӯ ва келин дар ниҳоят ба фоҷиа анҷомид.

Гулмираи Ҳоҷиеваи 34-сола ба бадани Гулшода Ҳоҷиева, ки аз ӯ ду сол хурд буд, се зарбаи корд зад. Фарёди Гулшода ба ҳаво печид.

Аммо хушдомани Гулшода ва хоҳаршӯи хурдиаш билофосила ҷасади ба хун оғӯштаи ӯро дар кӯрпа мепечонанд ва бурда, дар даруни боғ пинҳон мекунанд, то касе набинад.

Танҳо баъди чор соат ҷасади алакай аз рафтани хуни зиёд бемадоршудаи Гулшода Ҳоҷиеваро ба бемористон бурданд.Вале аз бадани ӯ он чунон хуни зиёд рехта буд, ки табибон дигар натавонистанд ин ҷавонзани берӯзиро аз панҷаи марг наҷот бидиҳанд.

Бо иттиҳоми қатли ӯ хоҳаршӯяш Гулмира Ҳоҷиева дар боздошт қарор дошта, хушдоман ва хоҳаршӯи хурдии ҷабрдида таҳти бозпурсӣ қарор гирифтаанд.Агар ақли костаи ин нафарон мегирифту сари вақт Гулшодаро ба духтур мебурданд, ин ҷавонзанро аз марг наҷот медоданд.

Агар ақли костаи ин нафарон


А

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *