Фоҷиа дар Рӯдакӣ

Шабнишинии солинавии як гуруҳи ҷавонон дар тарабхонае дар гардиши собиқ колхози «Ленинград” дар ҷамоати ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ба занозанӣ ва куштор анҷом ёфтааст.

Се ҷавон Салоҳ ном ҷавони 24-сола аз шаҳраки Коргари ноҳияи Рӯдакиро дар пеши чашми мардум шадидан латукӯб карда, сипас сари ӯро дар ҷӯйбор зери об қариб 10 дақиқа нигоҳ доштанд. Дар натиҷа Салоҳ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Қотилон б ҷасади ӯро бурда, дар пушти дарвозаи хонааш, дар шаҳраки Коргар партофтаанд.Шоҳидон мегӯянд, издиҳоми зиёде ин занозаниро тамошо мекард, вале касе ҷуръат накард, ки Салоҳро халос кунад.Салоҳ 24 сол ва ду фарзанд дошта, дар шаҳраки Коргар зиндагӣ мекард. Салоҳ бо мошини «ҳечбек”-аш байни Душанбеву Рӯдакӣ мусофир мекашонд ва аз ҳамин ҳисоб рӯзгорашро пеш мебурд.Ӯро як ҷавони, ба қавли мардум, машқӣ, яъне варзишгар ном мебаранд. Ба сабаби қадди нисбатан пасттараш ӯ бештар бо лақаби Салоҳча шӯҳрат дошт.Сабаби занозание, ки боиси ҳалокати Салоҳча шуд, маълум нест. Шоҳидон мегӯянд, он се нафаре, ки ба Салоҳча ҳамла карданд, ҳама маст буданд.Ҷасади Салоҳчаро рӯзи 1 январ дар зодгоҳи падариаш – шаҳри Ваҳдат ба хок супурданд. Ӯ дар шаҳраки Коргар ҳамроҳи падари ӯгаяш зиндагӣ мекардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *