Ҷумахон Ғиёсов роҳбари Кумитаи зиддитеррори СҲШ шуд

Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхайро ба ӯҳда гирифт.

Хабаргузории Интерфакс рӯзи чоршанбе бо такя ба вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмонро, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов ба ӯҳда мегирад.Ғиёсов давоми солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи умури дини Тоҷикистон кор кардааст.Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро намояндаи Русия Евгений Сисоев ба ӯҳда дошт.Инчунин, шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ, ба вазифаи дабири кулли ин созмон намояндаи Узбекистон Владимир Норов таъин шуд. Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди президенти Узбекистон ва вазири умури хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом шаҳрванди Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.Ба узвияти Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой Ҳинд, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *