Фоҷиаҳои тоҷикон дар Русия
Фоҷиаҳои тоҷикон
Рӯзе нест, ки аз Русия хабари марги ягон муҳоҷири тоҷик нарасад. Фақат дар як рӯзи 25 декабр ва танҳо дар вилоятҳои марказии Русия дастикам 4 зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла се кӯдаки маъсуми аз ду то чорсола ба таври фоҷиавӣ тарки ин дунё карданд.
Субҳи 25 декабр бар асари сӯхтор хонаи чӯбини муҳоҷирони тоҷик Раҳимҷон ва Замира дар деҳаи Старые Кандры дар Бошқирдистон хокистар шуд. Ҷасадҳои сӯхтаи ду духтари яке дусола ва дуюмӣ чорсолаи онҳоро баъди хомӯш кардани оташ, аз рӯи кати хобашон ёфтанд.Шаби 26 декабр дар деҳаи Кауровка дар вилояти Рязан вагони хоби худсохти як оилаи муҳоҷирони тоҷик сӯхт. Кӯдаки дусолаи ин оила низ дар ин офат ҷонашро аз даст дод.Ҳамчунин рӯзи 25 декабр аз даруни як гармхона дар шаҳри Липетск ҷасади як ҷавони 29-солаи тоҷикро ёфтанд. Ин муҳоҷир ба хотири наҷот аз сардӣ дар ин гармхона паноҳ бурда буд, вале ҳайҳот: ӯро шабона сард задааст.Навори хабарҳои хабаргузориҳову сомонаҳои Русия ҳар рӯз моломоли хабари марги муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар аст. Фақат дар як рӯзи 25 декабр ва танҳо дар вилоятҳои марказии Русия дастикам 4 зодаи Тоҷикистон ҷон додаанд. Се тан аз ин қурбониён кӯдакони маъсуме буданд, ки аз ҳама калониаш чорсола буд ва дуи дигар ҳамагӣ дусолӣ доштанд. Ин се кӯдак бар асари сӯхтор ба ҳалокат расида, як ҷавони тоҷикро сард задааст.
ФОҶИА ДАР ДЕҲАИ СТАРЫЕ КАНДРЫ
Бино ба гузориши нашрияи маҳаллии «Туймазинский вестник», сӯхтор дар деҳаи Старые Кандры дар ноҳияи Туймазии Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия мунҷар ба марги ду кӯдаки муҳоҷирони тоҷик шуд.
Замира, модари 31-солаи ин тифлон соати шаши субҳи 25 декабр расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқро дида, пои луч ба кӯча давид ва ҳамсояҳоро ба кумак даъват кард. Ҳамсари ӯ Раҳимҷон дар хона набуд, чунки падарарӯсашро ба шаҳри Алметевск бурда буд.Ҳамсояи онҳо Фазит Сираев мегӯяд: «Вақте мо расидем, дигар имкони вуруд ба хона набуд. Ман тирезаро шикастам, ки дароям, вале аз дарун оташ чунон аланга зад, ки даромадан имкон надошт. Замира талвоса мекард, ки худро ба оташ зада, кӯдаконашро наҷот диҳад, вале мо ӯро ба зӯр нигоҳ доштем. Вагарна худаш ҳам месӯхт.»Вақте сӯхторнишонҳо оташро хомӯш карданд, аз даруни хона ҷасадҳои сӯхтаи ду духтари Замираву Раҳимҷонро пайдо карданд. Ҳарду дар рӯи кати хобашон хобида буданд ва миқрози аҷал дар ҳамин рӯи кат риштаи умри ин ду кӯдаки маъсумро буридааст.
Фазит Сираев хеле бо алам ин ду кӯдаки ғӯррамаргро ба ёд меорад: «Медонед, чӣ қадар кӯдакони зебову ширин буданд! Вақте аз дур маро медиданд, бо ҳарду даст ба сӯям дастафшонӣ мекарданд. Вазъи моддии ин оила сангин буд. Танҳо Раҳимҷон кор мекард ва ба болои ин, ба кӯдаконаш аз оилаи қаблии худ ҳам кумак мерасонд. Вале шикоят намекард ва мисли дигарон аламашро аз арақу шароб намегирифт. Шабу рӯз кор мекард. Раҳимҷон, ки 52 сол дорад, хеле боз дар Бошқирдистон аст, вале ҳамсари 31-солааш Замира нав омад. Чанде пеш Раҳимҷон барои худу фарзандонаш шаҳрвандии Русия гирифт ва дар пайи дуруст кардани шаҳрвандии ҳамсараш буд. Хеле хурсанд шуда буд, ки шаҳрванди Русия шудааст.”Ин оила, ба навиштаи «Туймазинский вестник”, дар як хонаи кӯҳна зиндагӣ мекард ва дар фикри тармими он буд. Чанде пеш девори ҳавлиашонро иваз карда, чанд сар буз ҳам харид. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки кӯдакони шаҳидшудаи Раҳимҷон ин бузичаҳоро хеле дӯст медоштанд…Раҳимҷон дар роҳи бозгашт аз Алметевск хабар ёфт, ки хонааш сӯхтааст. Бародари ӯ мегӯяд: «Мо дар роҳ будем, ки хабарамон карданд. То расидем, ки дер шуда буд…”
СӮХТОР ДАР КАУРОВКА
Маркази матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Рязан хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти байниноҳиявии Касумов дар робита ба марги як кӯдаки дусола бар асари сӯхтор бар асоси қисми аввали моддаи 109-уми Кодекси ҷиноятии Русия (расондан ба марг аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба ин манбаъ, шаби 25 ба 26 декабр дар як вагони хоби худсохт (бытовка) дар деҳаи Кауровкаи ноҳияи Касумов сӯхтор шудааст. Дар ин вагон оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Шабе, ки сӯхтор рух дод, волидон дар вагон набудаанд, вале кӯдаки онҳо, соли таваллудаш 2016 ҳамон ҷо будааст.
Ҷасади кӯдакро баъди фурӯ нишондани сӯхтор пайдо кардаанд.
МЕХОСТ АЗ САРДӢ НАҶОТ ЁБАД, АММО…
Рӯзи 25 декабр, дар ҷамъияти боғдории «Ветеран труда», ки дар гузаргоҳи Универсальнийи шаҳри Липетск ҷойгир шудааст, ҷасади як ҷавони тоҷикро пайдо карданд.Як зани сокини Липетск рӯзона ба инҷо меояд, то қитъаи заминашро хабар бигирад. Дар полез ӯ пайи пойро мебинад, ки ба сӯи гармхона мебурд. Зан дари гармхонаашро мекушояд, то бубинад, ки чӣ шуда бошад?Ӯ дар даруни гармхонааш ҷасади сардшудаи ҷавонеро дида, ба пулис хабар додааст.Кормандони пулис муаяйн карданд, ки ин ҷасади як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон аст, ки дар вилояти Маскав сабти ном доштааст.Зоҳиран ин ҷавон дар ҳавои сард дар кӯча монда, ба хотири наҷоти худ аз сардӣ ба ин гармхона паноҳ бурдааст. Вале мутассифона, ҳатто гармхона ҳам ҷони ин ҷавонро аз сардӣ наҷот дода натавонист. Бовар меравад, ки ӯ ба иллати сардӣ ҷон додааст.Ҳар сол беш аз ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар Русия дастикам се муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшад.Даҳҳо нафари онҳо мисли ин се кӯдаку ин ҷавони тоҷик ба чунин сурати фоҷиавӣ тарки ин дунё мекунанд.Худованд раҳмат кунад ҳамаи онҳоеро, ки дар ғарибӣ ҷон ба Ҳақ таслим мекунанд!
«Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ