Моделро барои либоси нимбараҳнааш ҷазо доданд

Модел аз Қазоқистон Динагул Тасова мегӯяд, дӯстписараш ӯро баъди вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба либоси нимаурёнаш дар як намоишгоҳи мӯди шаҳри Остоан сахт латтукӯб кардааст.

Ба гуфтаи Тасова, бештари корбарон вайро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бадахлоқӣ айбдор карданд ва аз ин дӯстписараш ба ғазаб омада, ӯро зери мушту лагад қарор додааст. Ҳамчунин телефону компютери ӯро гирифта, саҳифаҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кардааст.

Модели қазоқ дар Инстаграм аксҳои худро бо осори латтукӯб нашр карда, навиштааст, «дар бораи он чи ки гузашт, хомӯш наменишинам». Тасова мегӯяд, намоиши либоси тарроҳи Дана Дуйсенбоева 30 ноябр дар ҳафтаи мӯди Astana Fashion Night сурат гирифт. Ӯ дар суҳбат бо ВВС гуфт, «баъди намоиш ҳама чиз хуб буд, тамошобинон хуб қабул карданд ва ҳатто бештари занҳо бо ман акс гирифтанд».

«Сипас аксҳои намоишгоҳ ба шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарӣ роҳ ёфтанд ва баҳсҳо оғоз шуданд. Нафаре куртаи зеборо диду дигарӣ тани урёнро. Ман фикр намекардам, ки мардуми мо ба мӯд чунин вокуниш нишон медиҳанд», — қайд кардааст Тасова.

Дӯстписари Тасова аз шарҳи корбарон ба ғазаб омада, гуфтааст, «ту дар намоишгоҳ на либос, балки бадани худро намоиш додӣ» ва 8 декабр ӯро латтукӯб кардааст. «Пас аз 10 рӯз тасмим гирифтам, акс гирифта, ба мардум нишон диҳам ва бигӯям, ки набояд ба зан даст бардошт. Ба ӯ нишон диҳам, ки чи кор кардааст. Мо бо ҳам 5 сол буд, зиндагӣ доштем ва ба ӯ хеле бовар мекардам. Аз ӯ интизори дастгириро дар чунин вазъият доштам. Вале ӯ маро латтукӯб кард», — навиштааст Тасова.

Тасова афзудааст, ки тасмим дорад, дар оянда бо мавзуъҳои хушунати хонаводагӣ дар Қазоқистон машғул шавад. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳоло ба вай занҳое нома менависанд, ки аз сӯи шавҳар ё наздикони худ латтукӯб шуда ва намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *