Фоҷиаи Буфариқ, Президент барқияи тасаллият равон кард

Дар паи суқути ҳавопаймои артиши Алҷазоир рӯзи 11 апрел 257 нафар кушта шуд.

Матбуот хабар дод, ки дар дохили ҳавопаймое, ки дар наздикии фурудгоҳи Буфарик суқут кард, низомиён ҳузур доштанд. Дар миёни қурбониҳо инчунин 26 узви ҷабҳаи Полисарио буданд.Ин гурӯҳи низомӣ барои истиқлолияти Саҳрои Ғарбӣ аз Марокаш мубориза бурдааст. Ҳавопаймо чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи низомии Буфарик суқут кард. Як хабаргузории расмӣ гуфт, ки ҳавопаймои сохти шӯравии Ил-76 ба самти шаҳри Башор, воқеъ дар ҷанубуғарби Алҷазоир ҳаракат мекард. Феълан сабаби суқути ҳавопаймо маълум нест. Буфарик дар фосилаи 30-километрии пойтахт, шаҳри Алҷазоир ҷойгир аст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа ба ин муносибат барқияи тасаллият ирсол намуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *