Илҳом Алиев боз президенти Озарбойҷон шуд

Дирӯз интихоботи президентии Озарбойҷон баргузор гардид

Участкаҳои интихоботӣ соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ кушода шуда, овоздиҳӣ соати 19:00 ба анҷом расид.

Ба мансаби президентӣ ҳашт номзад пешбарӣ шудаанд: аз ҳизби ҳокими «Йени Азербайджан» (Озарбойҷони нав) И.Алиев, худпешбар Зоҳид Оруҷ, Ораз Ализода (Ҳизби сотсиал-демократӣ), Гудрат Гасангулиев (Ҳизби фронти ягонаи халқӣ), Фараҷ Гулиев (Ҳизби ҳаракати эҳёи миллӣ), Ҳофиз Гаҷиев (Мусавати муосир), Разӣ Нуруллаев (Фронти халқии алтернативӣ) ва Сардор Ҷалалоглу (Ҳизби демократӣ).

Илҳом  Алиев,ки  аз соли 2003 инҷониб Озарбойҷонро сарварӣ мекунад бо дарёфти зиёда аз 83 фоиз овоз бори чаҳорум президенти Озарбойҷон интихоб шуд . Мутобиқ ба тағйиротҳои воридшуда ба Конститутсияи Озарбойҷон дар тирамоҳи соли 2016, президенти кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *