Чаро Шаҳбозу Санавбар худро ба дарё партофтанд? ?
Ҷасади ду ҷавони ошиқ аз ноҳияи Айниро дар наздикиҳои шаҳри Панҷакент ҳанӯз моҳи июли соли 2016 пайдо карда буданд. Шаҳбоз Холмуродови 24-сола ва Санавбар Ғафуроваи 21-сола аз деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ буда, худро ба дарёи Зарафшон партофтанд. Дар бораи сабаби даст ба худкушӣ задани ин ду ҷавон сару садоҳо хеле бисёр буданд.
Яке волидони Санавбарро гунаҳкор менамуд, ки “духтарамонро ба бачаи камбағал намедиҳем” гӯён, садди роҳи бахти ду дилдода гаштаанд, дигарӣ ҳадс мезад, ки ошиқон тасодуфан ба дарёи Зарафшон афтидаанд. Одатан мардуми куҳистон сирру асрори зиндагии хонаводагиашонро дар паси ҳафт парда ниҳон медоранд, вале модари Санавбари ғуррамарг худаш ба мо занг зада, хоҳиш намуд, ки дар бораи марги пурасрори духтараш нависем, то мардум ҳақиқатро фаҳмида, дигар бо гапҳои подарҳаво руҳи ду ҷавонро ноором насозанд. Инак, гуфтаҳои ин модари ҷигарсӯхтаро, ки Бибимоим ном дорад, бе каму кост пешкаши шумо хонандагони азиз мегардонем.
Гулғунчаи хазонгаштаи модар
Аслан Санавбар номи дарахтест ҳамешасабз, вале Санавбари азизи ман, дилсӯзу дилбардори модар бармаҳал хазон шуд. Санавбар аз кӯдакӣ орзуи духтур шудан дошт, аз ҳамин хотир ману падараш бо ҳазорон орзуву умед пас аз хатми мактаби миёна ӯро ба филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, ки дар ноҳияи Айнӣ мавҷуд аст, дохил кардем. Духтари боақлу ҳушёру зирак, ки буд, дар як муддати кӯтоҳ забони русиро аз худ карда, намунаи ибрати дигарон гашт. Устодонаш барои тарбияи чунин духтари босавод ба ман ҳазор аҳсан мегуфтанд. Фахр мекардам, ки аз пушти фарзандам раҳмат мешунавам, аммо…
Намак хӯрда ба намакдон туф карданд
Дар ҳамаи ҷашну идҳо ҳамсабақи духтарам ба хонаи мо омада, хушиву хурсандӣ мекарданд, аммо баъзеяшон намакро хӯрданду дар охир ба намакдон туф карданд. Эҳ, агар медонистам, ки аз гул барин духтарам ҷудо мешавам, ҳеҷ гоҳ намемондам, ки Санавбар ба шинаки ҳамсабақонаш равад, вале афсӯс, ки одамизод шири хом хӯрда, пешомадашро намедонад. Бегоҳии рӯзи 7-уми июл ҳамроҳи духтарам қолин мешӯстем, ки баногоҳ як ҳамсабақаш, ки дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекунад, аз дар даромад ва ба ман салом дода гуфт:
-Холаи Бибимоим, барои чӣ телефони шумо кор намекунад? Чанд рӯз аст, ки ҳамсабақонамон ба Санавбар занг задан мехоҳанд, аммо наметавонанд.
Ҳамон вақт телефони ман вайрон буд, худи Санавбар бошад, телефон надошт, ба ҳамдигар гап доштагистанд гуфта, ман онҳоро танҳо гузошта ба ошхона даромадам. Аз роғи дар дидам, ки чӣ тавр духтари ҳамсоя телефонашро ба Санавбар дод, то бо ҳамсабақони дигараш суҳбат кунад. Вақте ки ман дубора ба назди онҳо баргаштам, Санавбар каме нороҳат шуда: “майлаш, майлаш, ман пагоҳ ҳатман меоям” гӯён, телефонро хомӯш кард. Пурсидам, ки пагоҳ ба куҷо рафтанист. Дар ҷавоб гуфт, ки фардо ҳамсабақонаш ба шарафи хатм кардани коллеҷ маҳфил-шинак меоростаанд. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дода, хостам монеи рафтани духтарам гардам, вале Санавбар “Очаҷон, мо коллеҷро хатм кардем, ин охирин нишастамон аст, бо ҳамин дигар ҳамдигарро намебинем” гӯён, диламро ба даст оварда маро розӣ кард.
Парии рӯзадор
Субҳи рӯзи 8-уми июл аз хоб хеста дидам, ки Санавбар аллакай ҳама ҷоро об зада рӯфтааст. Дилам ҳамоно ба маҳфили ҳамсабақонаш рафтани ӯро намехост, гуфтам, ки имрӯз тағою холаат аз шаҳр меоянд, агар туро пурсанд, чӣ гӯям, вале духтарам хандида “очаҷон, охир ман ягон кори бад намекунам-ку, гӯед, ки ба шинаки ҳамсабақонаш рафт, ман зуд бармегардам” гӯён, ба хона даромад ва худро орову торо дода баромад. Дар ангуштонаш ду ангуштарини тиллоии падараш оварда, дар танаш камзӯли атлас, дар дасташ ҷузвдону дар сараш рӯймол, вай чунон зебо шуда буд, ки ҳатто моҳи осмон ба ҳусну ҷамолаш рашку ҳасад мебурд. Духтарам хиромону хандакунон бо ман хайрухуш карда, соати 8:30 аз хона баромад. Ақаллан як пиёла чой нӯшида баъд рав гуфтам, вале Санавбар “очаҷон, имрӯз ман рӯза гирифтам” гуфта даст афшонд. Рӯзадор бошӣ, барои чӣ меравӣ, дар хона нишаста дам бигир гуфтам, вале духтари якрав “шарт хӯрок хӯрдан нест, аз дидори ҳамсабақонам лаззат бурдан мехоҳам” гуфта баромада рафт. Духтари боимон ва Худотарс буд Санавбари ман. Як моҳи Рамазон рӯза дошта, баъди Рамазон низ рӯзадор буд. Дар моҳи Рамазон бо даҳони баста аз субҳ то шом фақат кору бори хонаро мекард. Тамоми қолинҳоро шуст, дару деворҳоро сафед кард, гӯё мурданашро медониста бошад, ҳама ҷоро тозаю озода кард, то мардум наханданд.
Балои ногаҳонӣ
Санавбар рафту каме пас тағою холааш ба хона омаданд. Бо онҳо суҳбат доштем, ки духтари ҳамсоя пайдо шуд ва писарам Меҳроварро фарёд кард. Аз дари боз дидам, ки чӣ тавр ҳамсабақи духтарам ба гӯши писарам пичир-пичиркунон чизе гуфта, баромада рафт. Ба дилам алав афтид ва чойдамкуниро баҳона карда, аз меҳмонхона баромадаму писарамро ба гӯшаи хилват бурда пурсидам:
-Ҳа Меҳровар, тинҷӣ аст? Духтари ҳамсоя чӣ мегӯяд?
-Оча, Санавбарро дӯстдоштааш Шаҳбоз зада-зада ба лаби дарё бурдааст. Мардум онҳоро халос карда натавонистаанд, Шаҳбоз ҳамаро бо санг задааст. Духтари ҳамсоя сумкачаи апаамро ба ман дода гуфт, ки инро баъди рафтани меҳмонҳо ба модарат деҳ,-сар ба зер афканда гуфт писарам.
Ин гапро шунида ҳуш аз сарам парид ва ҷонҳавл ба сӯйи хонаи ҳамсоя давидам. Модару духтар маро дида бо ранги парида аз ҷояшон бархостанд. Аз ваҷоҳаташон аён буд, ки аз асли воқеа бохабаранд, вале ҷуръати гуфтан намекунанд. Худамро дошта натавониста ба сари ҳамсабақи Санавбар девонавор дод задам:
-Ҳамааш айби ту аст, духтарамро ту куштӣ! Санавбарро ту даъват карда бурдӣ. Акнун духтарамро ба ман ёфта медиҳӣ!
Духтарак дарақ-дарақ ларзида дар ҷавоб чизе нагуфт.
Ба хона баргашта ба бародару апаам ҳодисаро фаҳмондам. Бародарам бо мошин ба беморхона рафт, чунки ҳодиса дар ҳамон ҷо рух дода буд. Вақте ки пойафзоли духтарамро оварданд, дилам якбора шуввӣ карда рафт ва аз хаёлам гузашт, ки духтару бача худашонро ба дарё партофтаанд, вале боз худро тасаллӣ додам, ки шояд Шаҳбоз Санавбарро дуздида ба ягон ҷо бурда пинҳон карда бошад…
Дар ҷустуҷӯи Лайлӣ ва Маҷнун
Бародарам хостанд ба милитсия хабар диҳанд, аммо ман монеъ гаштам, зеро ҳанӯз умед доштам, ки Шаҳбоз духтарамро гирифта гурехтаасту боз гирифта меорад. Хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо як-як омада ба хона медаромаданд ва ба ман каҷ-каҷ нигариста байни худ пичир-пичир мекарданд. Ҳоли зорамро он рӯз танҳо худам медонистаму Худо, аз як тараф ғами гум шудани фарзанди дилбандам, аз ҷониби дигар гапу калоча ва таънаю пичинги мардум ба гӯшам расида, мисли сӯҳон аз ҷавшани ҷони мани зор мегузашт ва ба дилам бераҳмона ханҷари ҷигарсӯз мезад.
Хуллас, ҳамакаса ба кофтуков баромада, тамоми тарқиши сангҳоро кофтем, вале аз ду дилдода дараке набуд. Рӯзи дигар маҷбур шудем, ки ба милитсия хабар диҳем. Муфаттишон ба хона омада, ҳамаро пурсупос намуданд. Ба падараш хабар додем, ки Санавбар гум шудааст. Бечора мардакам дарҳол чипта харида ба Ватан баргашт. Ҳафт рӯз дашт ба дашту дара ба дара духтар кофта чунон обу адо шудем, ки ногуфтанӣ. Дар бадали ин ҳафт рӯз на як қатра об аз гулӯям мегузашт, на як луқмаи нонро фурӯ бурда метавонистам, корам танҳо гиряву нола буду халос. Муллову фолбини норафтаамон намонд, касе чизе гӯяд мекардем, то Санавбару Шаҳбоз дар куҷое, ки набошанд, зиндаву саломат ба хона баргарданд. Бовар кунед, ҳатто аз Русияву Германия шиносҳо занг зада мегуфтанд, ки ба назди ғайбдон рафтем, фалон корро кунед, албатта бармегарданд ва мо дарҳол гуфтаҳои онҳоро мекардем. Ягон фолбин нагуфт, ки онҳо зинда нестанд, ҳамаашон бо як овоз мегуфтанд, ки духтару бача зиндаанд, аммо захмӣ шудаанд, кӯшиш кунед, меёбед.
Таънасори дӯсту душман гашта, аз касу нокас гап шунида бошам ҳам, мани модари зор ва ҷигархун дар дил тайёр будам, ки Санавбар ва Шаҳбозро бубахшам, аммо…
Бозёфти умедкуш
Субҳи рӯзи 15-уми июл бародарам “ба ҳама чиз омода бошед” гуфта баромада рафт ва муддати зиёде нагузашта ҷасади Санавбарро ба хона оварданд. Худованд чунин рӯзи бадро ҳатто ба душмани кас нишон надиҳад. Фиғонам ба фалак печида, рӯю мӯямро кандам, сарамро ба дару девор зада, зор-зор нола кардам, аммо ин фалаки бераҳму бевафоро заррае парвои гиристану сӯхтану гудохтанҳои мо набуд.
-Ҷасади Санавбаррро аз куҷо пайдо кардаанд?
-Ҷисми беҷони ду дилдодаро дар шаҳри Панҷакент дар лаби дарё пайдо намуданд. Миёни онҳо ҳамагӣ даҳ метр масофа будаасту халос. Мегӯянд, ки Санавбар рӯй ба осмону Шаҳбоз рӯй бар замин хоб будаанд. Духтарамро аз ҳамон ду ангуштарине, ки рӯзи рафтанаш ба ангушташ карда буд, шинохтем.
-Дар танаш ягон осори зарбу лат набуд?
-Не, тани Санавбарро мисли моҳи шаби чордаҳ бе ҷурм буд, фақат рухсораи чапаш каме сурх шудаасту халос. Духтаракам ба парии хобида шабоҳат дошт ва мани ҷигархун нолида- нолида гули бармаҳал хазонгаштаамро ба хоки сард супурдам.
Камбағалӣ айб нест
-Мегӯянд, ки шумо оилаи ҷавон камбағал аст гуфта, монеи бахти духтаратон гаштаед ва дилдодагон ночор монда, даст ба худкушӣ задаанд…?
—Баъди хатми мактаби миёна ба Санавбар хостгорони зиёде баромаданд, вале мо “духтарамон мехонад” гӯён, хоҳиши талабгорони духтарамонро рад мекардем. Бовар мекунед, ҳатто ҳолатҳое мешуданд, ки дар як рӯз якбора ду кас Санавбарро хостгорӣ меомаданд. Рӯзи омадани волидони Шаҳбоз низ айнан чунин шуд, вале падари Шаҳбоз пешдастӣ намуда, матлабашонро пештар баён карданд ва хостгорони дуюм сир бой надода, хеста рафтанд. Ман падари Шаҳбозро ҳурмат мекунам, зеро он кас омӯзгор ҳастанд ва хислатҳои хуби инсонӣ доранд, вале дар оилаи мо ҳама чизро мард ҳал мекунад, барои ҳамин “падараш медонад” гуфтам. Пас аз ин онҳо боз чанд маротибаи дигар омада бошанд ҳам, баъди оне, ки шавҳарам ба хона баргашт, якбора пою қадамашон канда шуд. Баъди дубора ба Русия рафтани шавҳарам боз пайдо шуда, изҳори матлаб намуданд ва ман ба шавҳарам занг зада, ҳамаашро фаҳмондам. Падари Санавбар марди замонавӣ аст ва зӯровариро хуш надорад, барои ҳамин “духтарам розӣ бошад, ман розӣ” гуфт ва мо сафедӣ дарронда ин ду ҷавонро ба ҳамдигар побанд намудем. Ман парвои бой ё камбағал будани қудоҳоро надоштам, чунки хушбахтии инсон дар пулу мол нест.
Заҳрпечаки рашк
Пас аз сафедӣ додан модари Шаҳбоз як телефони мобилӣ овард, ки Санавбар бо писараш баъзан суҳбат кунад. Духтарам телефонро гирифтан нахост, вале ман ӯро маҷбур кардам, ки бо Шаҳбоз гап занад. Санавбар тез-тез аз Шаҳбоз шикоят карда мегуфт, ки рашки беҳудаи домодшаванда ба дилаш задааст. Духтарам ҳайрон шуда мегуфт: “Оча, касе дар байнамон ҳаст ва мехоҳад моро бо ҳамдигар ҷанг андозад, охир Шаҳбоз дар Душанбе аст, аммо дар куҷо будан ва бо киҳо гап задани маро аз худам беҳтар медонад. Дашному ҳақорат ва рашки беҳудааш ба дилам задааст, маро кушед ҳам, ба ӯ намерасам…”
Чанд бор духтарамро насиҳат карда гуфтам, ки мард хоҳ-нохоҳ рашк мекунад, вале Санавбар сар ҷунбонда мегуфт, ки ҳанӯз шавҳари қонуниаш нашуда аз ҳозир Шаҳбоз рӯзашро сиёҳ карда истодааст, пагоҳ ӯро ба никоҳаш дарорад, Худо медонад, ки ҳоли вай чӣ мешавад! Санавбар зориву тавалло мекард, ки фотиҳаро гардонем, вале ман гӯшамро ба карӣ зада мегаштам. Духтарам чун дид, ки бо хубӣ ба ман гапашро гузаронида наметавонад, дар наздам шарт гузошта гуфт:
-Оча, агар маро маҷбуран ба Шаҳбоз диҳед, имрӯз шавҳар карда, пагоҳ ҷудо шуда меояму шуморо дар байни дӯсту душман шарманда мекунам!
Вақте масъала чунин ранг гирифт, ночор ба падараш занг зада гуфтам, ки Санавбар ду пояшро ба як мӯза андохта “ман ба Шаҳбоз намерасам” гуфта истодааст. Мардакам каме андеша карда гуфт, ки агар духтарам нахоҳад, ман ӯро маҷбур намекунам, ҳамаашро бо хубӣ ба муаллим фаҳмонда, фотиҳаро гардонед.
Бо ҳамин сабаб мо хостгории Шаҳбозро рад намудем, аммо баъдан дар деҳа овоза паҳн шуд, ки гӯё одамони камбағалро назарамон нагирифтааст. Бори дигар мегӯям, ки гап дар пулу мол ва давлату сарват нест, агар Санавбар розӣ мебуд, ман бо ҷону дил ӯро ба Шаҳбоз медодам, чунки падару модараш одамони бомаърифат ва хоксору меҳрубон буда, бачаашон ҳам соҳибмаълумот ва бо тарбия менамуд, аммо чӣ кунам, ки рашки зиёдаш ба дили духтарам зада, ӯро дилсард гардонд.
Ошиқонро ҷудо карданд, аммо…
Пас аз марги ин ду дилдода ман ба хулосае омадам, ки касе қасдан байни Шаҳбоз ва Санавбар оташи рашкро афрӯхта, мехост бо ҳамин роҳ онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намояд. Ман ҳатто номи он духтареро, ки намак хӯрда ба намакдони мо туф кард, медонам, аммо ҳаволаашро ба Худо месупорам. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ҳамсабақонаш ба марги духтарам боис гашта, ҳатто ба ҷанозааш наомаданд. Шаҳбоз бачаи бад набуд, хондагӣ, соҳибмаълумот, зебо, ҳар духтар мехост ба чунин ҷавони чор кас медидагӣ ба шавҳар баромада аз зиндагӣ осояд. Яке аз ҳамсабақони Санавбар ба Шаҳбоз ошиқ шуда, мехостааст, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо созад ва ин ҷавони нозанинро худаш соҳибӣ кунад, аммо вай ба мақсадаш нарасид. Шаҳбоз чунон Санавбари моро дӯст медоштааст, ки маргро аз ҷудоӣ авлотар донист.
Ғами фарзанд ҷигарсӯз аст
Инак, ҳафт моҳ мешавад, ки ман дар фироқи гуларӯси чодари арӯсӣ надидаам мисли шамъ месӯзаму месӯзад, вале ҷуз Худованд дардамро касе намедонад. Дилам ба ҳоли падару модари Шаҳбоз ҳам месӯзад, охир онҳо ҳам мисли ман ҷигарбандашонро аз даст доданд. Магар ба хоки сард супоридани чунин шаҳбачаи нозанин осон аст?! Бечораҳо бо азоб фарзанд калон карданд, вале ба ҷойи дар пирӣ асои дасташон гаштан шоҳписари нозпарвардашон ба зери хоки хунук рафт. Марги ин ду дилдода дар дилҳои мо, падару модарони ормонӣ доғи абадӣ ниҳод. Дар ҳавлиамон як бех гули садбарг буд ва ҳар бори гул карданаш Санавбар дар таги он сурат мегирифт. Баъди марги духтарам онро буридам, зеро он гули садбарг Санавбарро ба ёдам расонда ҷигарамро пора-пора мекард. Дарахти чормағзеро ҳам, ки ҳамон субҳи наҳс духтарам пеш аз рафтанаш ба зери он рафта бо шавқ кокулонашро шона зада, баъд бо ман хайрухуш карда буд, чаппагардон кардам. Медонам, ки гулу дарахт дар марги ҷигарбанди ман гунаҳкор нестанд, вале аз кӣ алам гирифтанамро надониста, аз дард онҳоро решакан намудам. Худованд чунин ғамро ба ҳеч кас насиб нагардонад!
Дар баҳорон ҳар гиёҳе аз замин сар мезанад,
Ҳайфи тухми одамӣ ҳаргиз намерӯяд зи хок.
Таҳияи Сомон Муҳамедов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ