Зани конибодомиро духтараш ба суд дод

Дирӯз ба дафтари хабаргузории ҳафтанома  зане дар даст як папка шикояту ариза ва ҷавобияву аксҳоро гирифта овард. Аз рангу рӯи зардгаштаи  зан маълум буд, ки  як не садҳо дарду алам дорад. Зан бо як бемаҷолӣ ба  курсӣ нишасту гуфт:-То дирӯз шарм медоштам гӯям, ки духтарам маро ба суд додаасту 4 сол боз рӯзам ба судбозию судтозӣ мегузарад. Аммо дигар “Офтобро ба доман пӯшида намешавад”.

То имрӯз тамоми сирру асрори духтарамро пӯшидам, ки “сабукпову бадахлоқ шуда бошад ҳам фарзанди ман аст, сарзаниш не, тарбия бояд кунам”-мегуфтам. Аммо “сагбачаро калон кунӣ гирад аз банди пояд” шуд.  Маро аввал раъди маъарка кард, акнун раъди хонаам карданӣ-гуфт модари ҷабрдидаи ҷабрҳои духтар-Моҳинисо Бойматова.

Духтарам маро барои аз худ кардани он биное, ки бо маблағи бо азоб ҷамъкардаи худам, шавҳарам ва дигар аъзои оилаам бунёд кардем, ба суд дод. Чор сол боз дар роҳи суд овораам…

Идомаи баҳси духтару модарро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                                                                     Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *