Мушкилот ва пешомадҳои татбиқи аудити дохилӣ дар низоми назорати молиявии Тоҷикистон

17 феврали соли равон дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таҳти унвони «Мушкилот ва пешомадхои татбиқи аудити дохилӣ дар низоми назорати молиявии Тоҷикистон»мизи мудаввар доир гардид.

Дар он олимону коршиносони соҳаи баҳисобгирии муҳосибии мамлакат  Зафар Азимӣ -номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини аввали Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, Шобеков Мирзобек-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Раҷабмоҳ Тоҳирова – дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Нишасти илмиро ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуд. Қайд гардид, ки масъалаи  ташкил ва таҳкими пайвастаи аудити дохилии корхонаҳо аз масъалаҳои муҳим дар пешрафти низоми хоҷагидории иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Тибқи барнома масъалаи муҳокимашавандаи мизи мудаввар «Муаммоҳои ташкили фаъолияти аудити дохилӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон» аз ҷониби дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҳирова Раҷабмоҳ пешкаши иштирокдорон гардид.

Номбурда атрофи моҳияти иқтисодии фаъолияти аудити дохилӣ, мақсад, вазифа ва услубҳо дар фаъолияти аудити дохилӣ, принсипҳо,қонуниятҳо ва талабот нисбат ба фаъолияти аудити дохилӣ, нақши фаъолияти аудити дохилӣ дар устуворшавии қобилияти рақобатпазирии корхона ва амсоли инҳо изҳори андеша намуд. Дар мулоҳизаҳо оид ба масъалаи дар мизи мудаввар матраҳшаванда олимону коршиносон иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *