Фоҳишабозӣ Самирро бехонумон кард

Мадина дар оилаашон яккафарзанд буд, аз ҳамин сабаб падару модараш ӯро мисли гавҳараки чашмонашон эҳтиёт намуда, намемонданд, ки ба пояш хоре халад.

Ин духтараки нозпарвард пас аз хатми мактаби миёна бо дили моломоли орзуҳо ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ супурд. Волидонаш мехостанд пас аз хатми донишгоҳ ӯро барои идома додани таҳсил ба ягон давлати хориҷӣ фиристанд, вале тири нигоҳи Самир ном ҳамсабақаш дар дили  Мадина оташи сӯзони ишқу муҳаббатро аланга дода, зиндагии ӯро куллан дигаргун намуд. Духтараки ба доми ишқ афтида дигар ба ҷуз Самир дигар ҳеҷ андешае ба сар надошт. Падару модар чанд бор насиҳаташ карданд, ки ту духтари нозпарварди шаҳрӣ ҳастию Самир як бачаи камбағали қишлоқӣ, дунёи шумо аз ҳамдигар куллан фарқ дорад ва наметавонед дар зиндагӣ ҷуфти муносиб гардед, аммо духтари якрав ду пояшро ба як мӯза андохта исрор мекард, ки ба ҷуз маҳбуби дилаш дигар бо ҳеҷ кас издивоҷ нахоҳад кард. Билохира волидонаш маҷбур шуданд, ки хостгории бачаи деҳотиро қабул намуда, духтарашонро дар як деҳаи дурдасти куҳӣ ба шавҳар диҳанд. Рӯзи тӯйи арӯсиаш аз Мадина дида инсони хушбахттар дар саросари дунё набуд, аммо….

Пас аз тӯй ҳоли арӯсаки шаҳрӣ дар деҳа табоҳ гашт. Парастории як хона кӯдаки хушдоман, нигоҳубини як оғил гову гӯсолаю бузу бузғола ва даробарои меҳмонҳои зиёд барои духтараки нозпарварди шаҳрӣ душворӣ мекард. Мадина, ки дар умраш дегу дегдонро надида буд, акнун ҳар рӯз дар танӯр нон мепухт, чашмонаш қариб кӯр шуда дар зери оташдон алав монда, хӯрок тайёр мекард, то нимаи шаб ҷомашӯӣ мекард ва шаби дароз дар хонаи бе барқ аз хунукӣ ларзида афсӯс мехӯрд, ки чаро гапи волидонашро нагирифта дар қишлоқ шавҳар кард ва худро ба балои бад гирифтор намуд. Дилаш ба ёди оби гарм ва зиндагии серу пуру бароҳати хонаи падар гум мезад. Ҳамин тавр аз миён соле гузашт. Падару модараш ҳоли зори Мадинаро дида аз шаҳр барояш хона хариданд ва бо дуои неки хусуру хушдоман арӯсак ҳамроҳи шавҳараш ба шаҳр кӯчид. Вай боварӣ дошт, ки дигар ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз зиндагии ширини ӯро талх сохта наметавонад, аммо…

Ҳаёти шаҳрӣ дар як муддати кӯтоҳ табиати Самирро дигаргун намуд. Ба ҷойи аз хусуру хушдоманаш миннатдор шудан, ки ӯро муфтакак соҳиби хонаю дар карданд, ин ҷавони ношукр оимбозиро пеша карда, шабҳо ба хона намеомад. Мадина бероҳагардии шавҳарашро донад ҳам, лаб зери дандон гирифта ин сирро пеши касе намекушод, зеро аз Самир аллакай як фарзанд дошт ва намехост, ки волидонаш аз найрангҳои домод бохабар гашта, ӯро аз дар берун кунанду писарчааш бе падар монад. Ҷавонзани фиребхӯрда шабҳоро бо гиря саҳар карда, намедонист сарашро ба кадом дар занад. Барои тасаллии дили худ, вай ҳар замон зарбулмасали “сабр кунӣ, аз ғурра ҳалво мепазад”-ро зери лаб такрор намуда, умедвор буд, ки рӯзе ақли шавҳари беандешаю сабуксар ва хиёнаткораш ба сараш зада, домони занҳои кӯчагиро раҳо мекунад ва аз паси зиндагӣ мешавад, аммо…

Ниҳоли сабри Мадина меваи талх ба бор овард, Самири кӯрнамакаш  ба болои некиҳои падару модари Мадина ва ишқу муҳаббати поку беолоиши ӯ по ниҳода, думболи як зани фоҳишаро гирифта рафт. Мадина тайёр буд ба хотири писаракаш Илҳомҷон ин рафтори номардонаи Самирро низ хомӯшона таҳаммул намуда, бозгашташро интизор шавад, аммо волидонаш аз зани дуюм гирифтани домод бохабар шуда, ба ғазаб омаданд. Падари Мадина аз гиребони Самири носипос гирифта, қотеона талаб намуд, ки талоқи духтарашро диҳад ва ҷилу пӯстакашро бардошта, аз хонаи харидаи ӯ баромада равад. Ҳамин тавр онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Волидони Мадина духтару набераашонро мисли гавҳараки чашонашон эҳтиёт намуда, то имрӯз намегузоранд, ки онҳо аз ягон чиз танқисӣ бикашанд. Шавҳар надошта бошад ҳам, имрӯз Мадина зиндагии шоҳона дорад, писаракаш Илҳомҷон гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшад ва дар яке аз беҳтарин мактаб-гимназияҳои пойтахт бо баҳои аъло мехонад, Самири зинокор бошад, мисли бомж овораю дар ба дар гаштааст. Акнун вай аз корҳои кардааш сахт пушаймон шуда, тайёр аст хоки қадамҳои Мадинаро бо миҷгон рӯбад, аммо дили нозуки Мадина аз ин марди булҳавас кайҳо мондаасту дигар ӯро ҳатто дидан намехоҳад. Тақдири ин оиларо ман ба он хотир рӯйи коғаз овардам, ки барои дигар ҷавонон дарси ибрат гардад ва ба неъматҳои додаи Худованд носипосӣ накунанд. Зани хуб низ як неъмати парвардигор аст, ин неъматро эҳтиёт кунед, мардон!

Бо эҳтиром: Оиша

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *