Раънои Зоирдухт — Тоҷикистон

Ману туст

Менагўям ба касе, роз миёни ману туст,

Ҳарчӣ дорем ба миён, кори ниҳони ману туст.

Наравам ҷониби майхона, ки гўям ду сухан,

Он ду ҳарфи хушу зебо ба забони ману туст.

Мениҳам лаб ба лаби даргаҳу саҷҷодаи ишқ,

Бўсаи даргаҳи ў меҳру нишони ману туст.

Нуру нерўи ҳама з-оташи оташкада аст,

Гулу себаргаи олам зи хазони ману туст.

Бас бинозам зи Авастову каломи хуши ў,

Кору гуфтори накў номарасони ману туст.

Ҳарфи «Шоҳнома» бувад панди ниёгони накў,

Нозам аз фарри Каёнӣ, ки нишони ману туст.

Гар парӣ ҳарфи дарӣ гуфт ба ёрони биҳишт,

Суханаш шаммае аз шаҳди забони ману туст.

Сару савдои замон з-одамӣ ояд ба вуҷуд,

Хайру шарри ману мо, суду зиёни ману туст.

Гули Раъно ба ту аз боғи сухан овардам,

Шукри гулҳои Ватан шукри замони ману туст.

***

Майл

Ҳаво сард аст дар берун,

Ҳавои шаҳри ишқ сард аст.

Басо сард аст,

Ки сармо хўрдаам дигар

Зи сардиҳои танҳоӣ,

Ҳам аз таъби баланд месўзад ин ҷон.

Куҷо гарм аст? Кадомин шаҳр равам онҷо,

Ки нўшам боз шароби нур.

Зи финҷоми нигоҳи рўзгоронаш,

Ва боз ҳулбуву садбаргу гули раънои ормонҳо,

Бичинам аз гўшаи боғаш?

Занам шона зи дасту панҷаҳои равшании майл,

Ба зулфони парешонаш…

Чӣ афсона,

Чӣ ҳазён мезанам охир?

Дигар ҳаргиз чунин шаҳр нест,

Дигар ҳаргиз чунин шаҳр нест.

Чунин шаҳр дигарин набвад,

Ба ҷуз шаҳре, ки будам рўзе чанд андар канори ў,

Шамидам бо машоми рўҳ,

Гулистони баҳори ў.

Барои чанд рўзе, ки бичинам савсану гулҳои офтобӣ,

Раводид хост он шаҳри азим аз ман.

Ман аз чашми фурўзони маҳу истораҳо,

Бо дасти чашмонам иҷозатнома дархостам.

Ва хони хоҳишамро бо нафасҳои гулу себарга оростам…

Ман аз шаҳре, ки борон дошту боду ҳам тагарг,

Гаштам бурун.

Аз афзунии сардию намӣ,

Ҳамоно, ки ситора шуълае дар шомгоҳ

Ба сони раъду барқ бар шишаи хона бизад ангушт,

Бурун рафтам…

Куҷо рафтам?

Ба шаҳри ишқ.

رعنای زایردوخت — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *