Фоҳишахона дар меҳмонхона
Як марди 54-сола, ки қаблан ҳам барои даллагӣ маҳкум шуда буд, бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шудааст. Вазорати дохила мегӯяд, ӯ ҳуҷраҳои як меҳмонхона дар Душанберо барои алоқаи ҷинсӣ ба 8 марду зан дода, аз онҳо 540 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Дар ҳафтаи равон ин алакай сеюмин мавриди ошкор шудани фоҳишахонаҳо дар пойтахт аст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини шаҳри Душанбе, корманди маъмурияти яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт, ки пеш бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ташкил ва ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 8-уми сентябри соли равон, тахминан соати 14:00-дақиқа, ҳуҷраҳои меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба 8 нафар марду зан барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 540-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ