Писар 5 корд ба синаи падар зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тайи ду рӯзи гузашта ду ҳодисаи қатли падар аз сӯи писаронро ба қайд гирифтааст.

Тибқи иттилои ВКД маъмурини милиса марди 25-сола, сокини ноҳияи Аштро бо гумони қатли падари 47-солааш боздошт кардаанд: “Дастгиршуда 12-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба ҳавлии истиқоматиашон омада, бо падараш ҷанҷол кардааст. Зимни муноқиша писари маст бо истифода аз бели хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба сар ва узвҳои бадани падараш зада, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расондааст”.

ВКД афзуд, ки чунин як ҳодисаи нанговари дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст: “Марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур рӯзи 13-уми сентябри соди ҷорӣ, тахминан соати 13:00-дақиқа ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 5-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *