“FocusEconomics”: Тоҷикистон яке аз камбағалтарин кишварҳои ҷаҳон аст
Вебсайти “FocusEconomics” Тоҷикистонро дар даҳгонаи фақиртарин кишварҳои ҷаҳон қарор додааст.
Бар пояи иттилои ин торнамо, Тоҷикистон бо 836 доллар ММД бар сари аҳолӣ чаҳорумин кишвари фақиртарини дунё ба ҳисоб меравад. Танҳо се кишвари дунё – Конго, Мозамбик ва Уганда – аз рӯи нишондод аз Тоҷикистон фақиртар будаанд.Аз ҳамсояҳои Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистон ҳам ба даҳгонаи кившарҳои фақир афтодаанд.Узбекистон бо 1025 доллар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бар сари аҳолӣ дар мақоми 8-ум ва Қирғизистон бо 1121 доллар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бар сари аҳолӣ дар мавқеи 10-уми кишвари фақиртарини ҷаҳон қарор гирифтааст.Соли 2013 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон ҳам аз марзи 1000 доллар убур карда буд, аммо бо фаро расидани рукуд дар иқтисоди Русия ва коҳиши қобили мулоҳизаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон ин нишондод дубора коҳиш ёфт.Бино ба пешбинии пойгоҳи “FocusEconomics”, ММД бар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон танҳо соли 2022 аз марзи ҳазор доллар убур карда, ба 1086 доллар хоҳад расид
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ