Ҷоми Ҷаҳон, Русия-Миср 3:1

 Русия дар даври дуюми мусобиқоти гуруҳӣ дар гуруҳи А дар варзишгоҳи «Санкт-Петербург” бо дасти Миср рақобат кард.

Нимаи аввали бозӣ каме бо бартарии мисриҳо гузашт, вале ҳисоб дар ин қисмати бозӣ кушода нашуд. Аммо дар оғози қисми дуюми бозӣ алакай дар дақиқаи 47-ум футболбози мисрӣ Аҳмад Фатҳӣ тӯбро ба дарвозаи худ ворид кард. Дар дақиқаи 59-ум Денис Черишев ва дар дақиқаи 62 Артём Дзюба ҳисоби бозиро то ба 3:0 расонданд ва тамоми умедҳои дастаи Мисрро, ки баъди шикаст аз Уругвай дар даври аввал танҳо дар сурати пирӯзӣ бар Русия метавонист шанси худаш барои ба даст овардани роҳхат ба марҳалаи ҳаштякниҳоиро ҳифз кунад, ба хок яксон карданд.

Умеди асосии тими Миср – ситораи «Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ, ки баъди лат хӯрдан дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо бори аввал ба майдон баромад, дар муҳосираи шадиди бозигарони Русия дармонда буд ва танҳо дар дақиқаи 73 бо задани гол аз пеналти тавонист дастаи худро фақат аз шикаст бо ҳисоби бузург наҷот диҳад.

Русия акнун яқинан ба даври ҳаштякниҳоӣ меравад ва Миср баъди бозии сеюмаш бо Арабистони Саудӣ ҷомадонҳои худро ҷамъ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *