“Мадад” бе мадад монду бастанд

Мақомоти сӯхторнишонӣ рӯзи 19 июн ба дари тамоми дӯконҳои Маркази савдои «Мадад” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳр заданд.

Санҷиши ин бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиёт дар ҳафтаи гузашта камбудиҳои зиёд дар риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро ошкор кардааст. Гуфта мешавад, мақомоти пойтахт дар пайи сӯхтори бозори «Султони Кабир” санҷиши қоидаҳои зидди сӯхтор дар тамоми бозорҳои Душанберо талаб кардаанд.

Маркази савдои «Мадад” аз субҳи 19 июн баста буда, дар дарҳои тамоми дӯконҳояш муҳри Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Сино насб гардидааст ва ҳеҷ нафар наметавонад, ки вориди дӯконаш гардад. Тоҷирон дар назди дӯконҳои худ ҷамъ шудаанд, вале наметавонанд ворид шаванд.

Ҳафтаи гузашта Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон дар натиҷаи як санҷиш дар маркази савдои «Мадад” ҳолатҳои ба талаботи зидди сӯхтор ҷавобгӯ набудани ин маркази тиҷоратиро ошкор кардааст. Гуфта мешавад, қаблан ҳам роҳбарияти бозори «Мадад” аз тарафи хадамоти давлати и оташнишонӣ ҷаримабандӣ шуда буд, вале дар дафъаҳои гузашта маъмурияти бозор фақат бо ҷаримаву огоҳӣ ҷиҳати риояи талаботҳои зидди сухторхалос хӯрда буданд.Маркази савдои «Мадад” дар назди маркази савдои «Мардон” ҷойгиир шуда, асосан ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиёт машғул аст. Ин марказ яке аз бозорҳои сермуштарӣ ба шумор рафта, ҳар рӯз садҳо корафтода барои харидани қисмҳои эҳтиётӣ ба он сар мезананд.

Муштариён мегӯянд, бо вуҷуди даромади зиёд маркази савдои «Мадад” ба ягон талаботи муосирҷавобгӯ нест, зеро ҳама саҳнаш пур аз хоку санг буда, дар рӯзҳои боронӣ имконияти гашту гузор умуман вуҷуд надорад ва ба хотири нарасидани офтоб соҳибкорон дар болои сарашон ҳатто плёнка кашидаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *