Фоидаву зарари шабакаҳои иҷтимоӣ

Пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷаҳони муосирро бидуни интернет, телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, скайпу, мессенҷеру почтаи электронӣ ва дигар дастовардҳои технологияҳои хабарӣ тасаввур кардан мушкил аст. Аксари ин дастовардҳои мазкур ҳамагӣ 25 сол қабл, яъне замони таваллуди як насли охир вуҷуд надоштанд ва ё аксарияти сокинони сайёраи мо ба онҳо дастрасӣ надоштанд. Азбаски мавзӯи мо ба шабакаҳои интернетӣ дахл доранд, таваҷҷуҳро рӯи он тамаркуз менамоем. Муҳаққиқон мегӯянд, ин мафҳум ҳанӯз соли 1954, яъне қариб 70 сол қабл пайдо шудааст ва он ба интернете, ки мо онро имрӯз истифода мебарем, ягон алоқа надошт. Ин истилоҳро ба илм сотсиологи англис Ҷеймс Бернс дохил кардааст. Ба диди ӯ, шабакаи иҷтимоӣ сохтори иҷтимоиест, ки ба он одамон ва ё ташкилотҳо дохил шуда, тавассути шабакаи интернетӣ иртибот барқарор мекунанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба маънои кунунӣ 15 сол дертар, яъне дар соли 1969 пайдо мешаванд. Албатта, дар он давра аз ин шабакаҳо доираи хурди мутахассисон ва низомиёне истифода мекарданд, ки дастрасӣ ба технологияҳои он замон пешрафта доштанд. Ба иборати дигар, шабакаҳои иҷтимоӣ мисли имрӯз оммавӣ нашуда буданд.

Муҳаққиқон мегӯянд, нахустин шабакаи иҷтимоӣ бо истифодаи техникаи компютерӣ почтаи электронӣ ҳисоб мешавад, ки соли 1971 ба вуҷуд омад ва онро низомиёни амрикоӣ дар шабакаи ARPA Net истифода мебурданд. Бо гузашти 17 сол донишҷӯи финляндӣ Ярко Ойкаринен технологияи «IRC» (Internet Relay Chat –Интернет – чати интиқолдиҳанда)-ро ихтироъ кард, ки имкон медод корбарон он-лайн сӯҳбат кунанд. Аммо муҳимтарин ҳодиса, бидуни шак, эљоди интернет буд, ки онро олими англис Тим Бернерс-Ли ихтироъ ва он дар соли 1991 ба фаъолият шурӯъ кард.

Ҳоло дар миёни мутахассисон роҷеъ ба он ки кадом шабакаи иҷтимоӣ нахустин бор ба вуҷуд омадааст, ваҳдати назар вуҷуд надорад. Баъзеҳо мегӯянд, ин сайти Classmates (тарҷумааш — ҳамсинфон) буд, ки онро Рэнди Конрадс дар соли 1995 таъсис дода буд. Ин шабакаи иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, ки корбарон бо ҳамсинфон, ҳамкурсон, ҳамкорон, дӯстон ва ғ. алоқа барқарор кунанд. Ҳоло шабакаи Classmates 50 миллион корбар дорад. Аммо бархе мутахассисон мегӯянд, нахустин лоиҳаи шабакаи иҷтимоӣ SixDegrees буд, ки соли 1997 ба фаъолият пардохт. Ин сайт аз рӯи сохти худ ба шабакаҳои иҷтимоии муосир хеле монанд буд, аммо соли 2004 аз кор монд. Дар ҳамин соли 1997 мавҷи якуми таъсиси шабакаҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Ду сол баъд донишҷӯи барномасози амрикоӣ сервиси Livejournal.com-ро боз кард, ки дар он имконияти кушодани саҳифаи инфиродӣ мумкин буд. Дере нагузашта Livejournal.com дар сервис имконияти нав — илова кардани дӯстон ба саҳифаҳои инфиродӣ мумкин шуд.

Дар соли 2000 шабакаи иҷтимоии LunarStorm дар Шветсия ва соли 2001 Cyworld дар Куриёи ҷанубӣ фаъолияти худро шурӯъ карданд. Мавҷи дуюми ба миён омадани шабакаҳои иҷтимоӣ ба солҳои 2001-04 рост омад. Нахустин веб–захира, ки барои дастгирии фаъолиятҳои корӣ пайдо шуд, сайти Ryze.com буд, ки ба ташаккули веб-сервисҳои LinkedIn ва Friendster боис гардид. Сар аз соли 2004 ҷомеаҳои гуногуни интернетӣ дар сервисҳои худ ба истифодаи абзорҳои шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ карданд. Машҳуртарин шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз Фейсбук, Инстаграмм, Твиттер ва ғ. мебошанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ баъди ба миён омадани китобҳои меҳмонӣ (замимаҳое, ки таърихи паёмҳо буда, онҳоро ҳар як корбар мемонад), форумҳо (паёмҳо тибқи мавзӯъҳо гурӯҳбандӣ мешаванд ва ҳар як корбар метавонад иттилооти навро доир ба мавзӯъи пештар эълон шуда, гузорад) ва блогҳо, ки ҳар як ширкаткунанда метавонад журнали худро пур кунад, ки он монанд аст ба рӯзномаи шахсӣ ба тартиби санаҳо ҷудо мешавад, аммо корбарони дигар метавонанд шарҳҳо ва ё қайдҳои худро гузоранд. Дар айни ҳол, корбар метавонад рӯйхати “дӯстон”-ро тартиб диҳад ё дастрасии корбарони нолозимро маҳдуд мекунад. Дар асоси ин шакли муошират шабакаҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Хусусияти фарқкунандаи онҳо мавҷудияти алоқаҳои муайяншуда байни ширкаткунандагон аст.

Минбари розу ниёз, аммо…

Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз як ҷузъи зиндагии ҷавонону наврасони тоҷик шудааст. Ин дигар як аксиома аст, зеро дастгоҳҳо, аз ҷумла компютерҳо, ноутбукҳо, нетбукҳо, планшетҳо ва телефонҳои мобилӣ барои аксарият дастрас гардидаанд. Имрӯз ҷавонони мо аз аксар шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва ё русӣ истифода мекунанд. Аммо то ҷое, ки медонем, дар мавриди суду зиён ва истифодаи дурусти онҳо таҳқиқоти илмӣ дар кишвар гузаронда нашудааст ё агар гузаронда шуда бошад ҳам, мо ҳам ба онҳо дастрасӣ надорем.

Рустам Маҷидов, мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ бар ин аст, ки истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳунари муошират, эҳтиром, шинохти манбаъ, тадқиқу таҳқиқи иттилоот, идораи вақт, масъулиятшиносӣ ва ғ. вобастагӣ дорад. Ба андешаи ӯ, касоне, ки технологияҳо ва имкониятҳои наве, ки онҳо пешниҳод мекунанд, бехабаранд ва гоҳо барои худ ҳаюло офарида, истифодаашонро қабул надоранд, инро ҳам бояд дарк кунанд, ки аз манъ карданҳо ба ҷое намерасем.

— Агар метарсем як ҷавон бо “шахсони нодуруст” шинос мешавад ё “ба роҳи каҷ” меравад, бояд ба ӯ фаҳмонем, ки дурусту нодуруст чист; аммо пеш аз он бояд худ инро фаҳмем. Бояд шахс (чи ҷавону калонсол) аз манобеи гуногун огоњ бошаду онҳоро муқоисаю таҳлил карда тавонад, -мегӯяд Маҷидов.

Зулфия Голубева, журналисти тоҷик, ки 2 сол қабл дар мавриди нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон назарсанҷӣ доир карда буд, мегӯяд, ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ фақат ба саргармӣ ё дилхушӣ машғул нестанд. Ба гуфтаи ӯ, бархе саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ, ки муҳтавои таълимӣ доранд, дорои садҳо ҳазор муштариянд. Масалан, саҳифаи Instagram-и @jseng «Англиси ғайриоддӣ бо оилаи оддӣ» 20,6 ҳазор муштариро фаро гирифтааст. Дар ин саҳифа, ҳамсарон, бачаҳои ҷавон, хушҳолонаву эҷодкорона ва ғайричашмдошт забони англисиро бо забони тоҷикӣ таълим медиҳанд.

-Омори саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ворид мешавам, нишон медиҳад, тақрибан 1/5 тамоми аудиторияи паёмҳои муфид ё таълимӣ дар Instagram ба ҷавонони аз 18 то 24-сола рост меояд. Онҳо чӣ дониш меҷӯянд, саволи дигар аст;

-Аз он ки худи мо — калонсолон, ба чӣ таваҷҷуҳ дорем, чӣ тамошо мекунем, чӣ барои мо муҳим аст ё чӣ гуна рафтор мекунем, дархости фарзандонамон ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, агар онҳо то пайдо шудани интернет метавонистанд чизеро, ки намефаҳмиданд, аз мо ё дӯстони худ мепурсиданд, лек ҳоло интернет низ илова шудааст ва аз бисёр ҷиҳат ин аз мо вобаста аст, ки фарзандони мо аз он чӣ гуна истифода мебаранд.

Аммо он чӣ, ки имрӯз боиси нигаронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқист. Ҳамин аҳвол, яъне бетарбиягие, ки мо дар тӯли ин се даҳсолаи истиқлол медидем, ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ кӯчидаанд. Некрӯз Сафаров, донишманди тоҷик сабаби чунин рафторро вобаста ба дурӣ ҷустан аз мутолиаи китобҳои ахлоқӣ, беназоратии волидайну омӯзгорон ва бетафовутии ҷомеа медонад.

Аҳлиддин Салимов мегӯяд, ки ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои фарох ба вуҷуд овардаанд. Масалан, ин шабакаҳо фосилаҳоро ба ҳам наздик овард ва барои муошират абзори осон ва арзон гардиданд. Аммо дар баробари ин, бархе шаҳрвандони мо, хосса, ҷавонон пойбанди шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, аз мутолиа ва рушди шахсии худ дур монанд ва вақти худро сарфи маводди беарзиши шабакаҳо гардонанд. Ба андешаи ў, агар Вазорати маориф ё Ҳукумати ҷумҳурӣ натиҷаи “заҳматҳо”-и худ ё ҳосили коштаи маорифро хоҳанд бубинанд, кофист саре бизананд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва шарҳҳову зернавиштҳои теъдоди зиёди ҷавонони тоҷикро бубинанд, ки чӣ қадар ахлоқу дониш доранд ва аз онҳо чӣ умед метавон дошт.

-Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби тоҷикон зери таъсири як хабари дурӯғ ё туҳматномаҳо қарор гирифта, бидуни ҳеҷ таҳлил ва доштани тафаккури интиқодӣ онро қабул мекунанд? -таъкид мекунад А. Салимов.

Ба фикри Хуршед Мавлонов — ҷавони соҳибназари тоҷик, ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳар як корбар минбари розу ниёз ва ибрози назар шудаанд. Аз ин рӯ, ҳар соҳибсаҳифа ҳақ дорад, назари худро, бе он ки ба нафаре писанд меояд ё не.

-Аммо бисёр ҳолатҳоеро дучор меоем, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан ҷавонон, дар баҳсу баррасии масъалаҳои мухталиф ва истифодаи онҳо сарҳади одобу ахлоқро убур карда, миёни ҳам ҷангҳои маҷозӣ ба роҳ меандозанд.

Рейтингҳо чиро нишон медиҳанд?

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст. Назарсанҷии Ташкилоти ҷамъиятиии «Машварати расонавӣ»дар соли 2021 нишон дод, ки  маъмултарин видеохостинг дар ҷаҳон — You Tube бо гирифтани 41% зинаи аввалро ишғол кардааст. Аз паси он Instagram (30%) ва Facebook (16%) меистанд. Пешсафи радабандии солҳои 2018-2019 – шабакаи иҷтимоии www.ok.ru (Одноклассники) ба зинаи 5 фаромадааст.

Маъруфтарин сомонаи Тоҷикистон тибқи назарсанҷиҳо дар соли 2021 -Somon.tj (сомонаи эълонҳо) аз зинаи панҷум ба зинаи 10-ум фаромадааст. Сомонаҳои иттилоотии Ozodi.org (2%) ва News.tj (1,2%) дар радабандии мо ҳамагӣ як зина поён фаромадаанд, аммо фаромӯш кардан лозим нест, ки дар солҳои охир ин расонаҳо тавонистанд дар саҳифаҳои худ дар YouTube, Facebook, Instagram ва Телеграмм шумораи бузурги мухлисонро ҷамъ кунанд.

Youtube 41, 3%

Instagram 30,2%

Facebook 16,9%

Google  -10,4%

Ok.ru -5,9%

TikTok -4,3%

Yandex  3,8%

ВКонтакте 2,9%

Ozodi.org -2%

Somon.tj 1,4%

Asiaplustj.info -1,2%.

Дар миёни ҷавонон шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва Одноклассники машҳуранд. Илҳомҷон Ҳошимов, коршиноси тоҷик, ки моҳе пеш тавассути телефон ва суҳбатҳои инфиродӣ бо корбарон (қариб 50 нафар) дар мавриди он ки оё онҳо аз интернет истифода мебаранд, назарсанҷие гузаронд. 90% гуфтанд, ки “бале”, қариб 60% иброз доштанд, ки дар “Фейсбук” ва “Одноклассники” саҳифа доранд. Аксари пурсидашудагон афроди фаъоланд, яъне ё таҳсил мекунанд ё кор. 90% смартфон ё гаджет дошта, тавассути онҳо вориди шабакаҳо мешаванд. Аз миёни насли калонсол наздики 15 нафар асбобҳои зикршударо доранд. Онҳо асосан аз мессенҷерҳои ИМО, ЧӢ ГАП ва Вайбер барои муошират истифода мекунанд.  Ҷавонон дар гаҷетҳои худ қариб тамоми мессенҷерҳо ва интернет-сервисҳоро насб кардаанд. Онҳо асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишастаанд ва ё видео-канали YouTubeро мебинанд, аксҳои худро мегузоранд ё дар Инстаграмм наворҳои 1-дақиқаиро ҷо менамоянд.

Наздики 20% постҳо ва шарҳҳо менависанд, ќариб 40% ё видео ба навор мегиранд ва ё аксҳо гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд. 60%-и дигар маводро бо дигарон шарик месозанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 60% хонандаанд, аммо агар ягон чиз маъқул шуд, дигаронро низ шарик мекунанд. Ҷавонон майлу рағбатҳои худро асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медињанд. Ба ин мақсад ё гурӯҳи худро таъсис медиҳанд ё ба гурӯҳҳои дигар шомил мегарданд. И.Ҳошимов мегӯяд, ки назарсанҷӣ ва мониторинги онҳо нишон дод, ки ҷавонон дар як рӯз қариб 3-4 соати худро дар интернет ва он ҳам асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд.

Назари Рустам, барномасози компютерӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ бахше аз ҳаёти муосир ва истифодаи он чизест табиӣ. Мисли телевизион, ки чанд даҳсола пеш ё худрав ҳудуди сад сол ќабл, ки чизе нав буданд, аммо ба зудӣ дар кишвару ҷомеаҳо паҳн шуданду имрӯз амре табииянд. Тафовут дар ин аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар чанд сол ҳамагир шуданд.

Ҷавонон ба диди ман, ба муошират дар интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба он хотир рӯ меоранд, ки муошират мехоҳанд ва ин пеш аз ҳама табиати инсон аст. Ҳар қадар роҳи муошират осонтар бошад ҳамон андоза барои инсон беҳтар аст. Аслан, ҳамин ҷустуҷӯи роҳи беҳтару осонтари ҳар кор буд, ки инсонро ихтироъкор кард. Шабакаҳои иҷтимоии интернет на фақат муоширатро осон мекунанд, балки интихоби бештари ҳамсуҳбатонро фаро меорад. Дигар ин ки ин шабакаҳо фақат ҷои сӯҳбат нестанд, яъне онҳоро бо мулоқот дар кӯча муқоиса кардан нашояд. Азбаски аксарияти маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ  – чи донишҳою чи маводди тафреҳӣ дастрасанд, он доираи муоширату мавзӯъҳоро зиёд мекунад.

Назари Хуршед, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳар як корбар минбари розу ниёз ва ибрози назар шудаанд. Қонуни махсусе ҳам танзим намекунад, ки гурӯҳе бояд андешаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нависаду гурӯҳе не. Балки ҳар соҳибсаҳифа ҳақ дорад, фикри худро бе он ки ба нафаре писанд меояд ё не, бигўяд. Вале бисёр ҳолатҳоро вомехӯрем, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан ҷавонон, дар баҳсу баррасии масъалаҳои мухталиф ва истифодаи онҳо сарҳади одобу ахлоқро убур карда, миёни ҳам ҷанги виртуалӣ барпо мекунанд.

Назари Ҳафизулло, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ

Азбаски дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама чиз ҳаст, ҳам хуб ва ҳам бад, аз онҳо чӣ гирифтану чӣ таъсир расонидани онҳо аз тарзи истифодаи ҳаряки мо вобаста аст. Масалан, нафаре барномасозӣ меомӯзад, каси дигар танҳо кино тамошо мекунад. Шахсе забони хориҷӣ меомӯзад, одами дигар пранк тамошо мекунад.

Мушоҳидаҳои шахсии ман нишон медиҳанд, ки аксаран ҷавонони мо дар интернет умуман ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса, вақти худро барои дилхушӣ мегузаронанд. Ба назарам, ҷавонон бештар Tiktok, Instagram ва YouTube-ро тамошо мекунанд. Барои ҳамин, истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ба ояндаи мо метавонад таъсири мусбат расонад ё манфӣ. Яъне, онҳо метавонанд барои рушди инфиродии мо мусоидат кунанд, ё накунанд. Интихоб аз худи мост.

Назари Зулфия

Аммо бо ин ду андеша Зулфия розӣ нест. Ӯ мегӯяд, мушоҳидаҳои ӯ аз Instagram нишон медиҳанд, ки ин платформа ба эҷодкорӣ кӯмак мекунад. Бале, бале, эҷодкорӣ. Шояд касе бихандад, аммо бовар кунед, ки агар аксҳо, видеоҳо, ҳикояҳо ва роликҳои пешниҳодкардаи шумо зебо набошанд, онҳоро ҷолиб тарҳрезӣ ва таҳрир накарда бошед, замима, идея, матн таваҷҷуҳи корбарро ҷалб карда натавонад, мусиқӣ, gifs, hashtags ва ғайраро дуруст интихоб накарда бошед, аксарият заҳматҳои шуморо сарфи назар мекунанд. Аз ин рӯ, вақте касе Instagram-ро шуғли беақлон ва бекорон меномад, ин андешаро қабул карда наметавонам.

Роҳҳои халос шудан аз вобастагӣ

Аммо оё роҳҳои халос шудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад? Дар ин иртибот назари мутахассисон ва корбарон гуногун аст. Рустам Маҷидов бовар дорад, ки танҳо ду роҳ вуҷуд дорад: машғул доштани мағз ва табобат. Ба андешаи ў, имкони истифодаи фановариҳои нав барои омӯзиш ва тафреҳ, дастрасӣ ба варзишгоҳу омӯзишгоҳу тафреҳгоҳ, пешниҳоди маводди муфид ва дастрас аз чораҳои муҳимму муфиданд ва онҳо аксаран на аз ҷаҳонбинии ҳанӯз як ҷавон ва ё як наврас, балки аз муносибати калонсолону масъулон бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, сарзанишу танбеҳи як ҷавони алоҳида ба шикасти шахсияти ӯ ва дар сатҳи ҷомеа сабаби мушкили классикии нофаҳмиҳо байни наслҳо мешавад.

-Аммо агар шахс аллакай вобастагӣ дошта бошад, бояд табобат шавад, ончуноне ки ҳар вобастагии дигар табобат мешавад, бархӯрд дар ин маврид мисли табобати қиморбозӣ буда метавонад, чунки дар ҳар ду ҳолат сабабу натиҷа эҳсосест, ки дар лобалои мағз пайдо мешавад. Лињозо, суҳбат бо равоншинос ва шояд истифодаи доруворӣ лозим бошад, аммо дар идома ва пас аз ин табобат бояд нуктаи аввал ҳамеша амалӣ бошад, — иброз медорад Маҷидов.

Некрўз Сафаров итминон дорад, ки комилан раҳо шудан аз вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ номумкин аст, аммо онро танзим кардан имкон дорад ва он ҳам дар шакли инфиродӣ, яъне ҳар шахс худ метавонад тасмим бигирад, ки чӣ миқдор вақти худро дар як шабонарӯз сарфи шабакаҳои иҷтимоӣ кунад.

-Барои пешгирӣ аз пайомадҳои манфии чунин падида мешавад, ки волидайн дар масъалаи таъмини телефону интернет ба фарзандони навраси худ каме дақиқ ва эҳтиёткор бошанд, -иброз  медорад Н. Сафаров.

Ба андешаи журналисти ҷавони тоҷик Ҳафизулло, аксар волидон кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандони худ телефонҳои қиммат харида диҳанд, аммо онҳо кӯшиш намекунанд донанд, ки фарзандашон дар фазои маҷозӣ чӣ мехоҳанду чӣ кор мекунанд. Бино бар ин, педагогҳо ҳам бояд вобастагии бачаҳоро аз телефону интернет ба дарсу хондан иваз кунанд, ки мутаассифона, инро натавониста истодаанд.

Барои раҳонидани ҷавонон аз ин вобастагӣ, ба андешаи А.Салимов, дар навбати аввал бояд сифати таълим боло бурда шавад, институтҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шаванд. То андозае мешавад ҷавононро аз ин вобастагӣ раҳонид. Боло бурдани сифати таълим дар мактабҳо ва бояд дарсҳоро доир ба тафаккури интиқодӣ ба роҳ монда, зеҳни ҷавонону наврасон ба корҳои тадқиқотӣ равона карда шавад ва ғ.

Нуралӣ ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *