Фонди “Пешвои миллат” ба имзо расид

  Эмомалӣ Раҳмон – Президенти  Тоҷикистон – ислоҳҳо ба қонун “Дар бораи молияи давлатӣ”, ки таъсиси Фонди “Пешвои миллат”-ро дар назар дорад, тасдиқ кард.

Тағйир ба ин қонун рӯзи 17-уми майи имсол аз тарафи президент имзо шуда, 23-юми май онро рӯзномаи расмии ҳукумат — “Ҷумҳурият” нашр намуд. Қонунҳо дар Тоҷикистон танҳо пас аз нашр дар рӯзномаҳои расмӣ мавриди амал қарор мегиранд. Ин тарҳро порлумон рӯзи 19-уми апрел тасвиб карда буд. Вакилони Маҷлиси Намояндагон гуфтанд, ки бар асоси ислоҳи қонуни молия, пас аз мақомаш рафтани Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Фонди «Пешвои миллат» 0,2 дарсади пули буҷет равона хоҳад шуд. Барои намуна, имсол буҷети Тоҷикистон тақрибан дувуним миллиард доллар (21 миллиард сомонӣ) таъйин шудааст. Пас, бояд солона ба фонди «Пешвои миллат» беш аз 4 миллион доллар интиқол ёбад. Ин рақам вобаста ба ҳаҷми буҷет каму беш хоҳад шуд. Маблағи Фонди “Пешвои миллат” барои корҳои хайриявӣ харҷ хоҳад шуд. Фонди “Пешвои миллат” танҳо ба Пешвои миллат тааллуқ дорад.Соли 2016 қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” қабул шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, барои як умр шахси аввали Тоҷикистон бимонад. Қаблан вакилони Маҷлиси Намояндагон гуфтанд, ки Фонди “Пешвои миллат” бар асоси тарҳи нави қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» таъсис меёбад.Моҳи декабри соли 2015 порлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро тасвиб карда, онро раиси ҷумҳур рӯзи 25-уми декабри ҳамон сол имзо гузошт.Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоиву иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *