Маросими ҷоизасупории ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки   раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода,  маросими ҷоизасупории ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад ба ғолибони  озмуни иншои беҳтарин, ки   бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардида буд, инчунин  ба  хатмкунандагони курси омӯзишии «Ҷавонон  пайрави Пешвои миллат»    шаҳодатнома ва ҳамзамон барои беҳтарин  варзишгарон унвонҳои дараҷаи варзишгарӣ тақдим гардид.

Зимни супоридани  ҷоизаҳо  А.Абдуллозода  зикр кард, ки   «мо умед дорем, ки дар оянда маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» беҳтарин чеҳраҳоро дар  сиёсати идоракунии давлатӣ  ва  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯи кор  меорад. Пайравӣ аз Пешвои миллат масъулияти бениҳоят бузург аст   ва аввалин шаҳодатномаи пайравони Пешвои  миллат   насиби Шумо — ҷавонони хуштолеъ мегардад. Мисли Пешвои миллат барои  халқу Ватан хизмат карданро сармашқи кори худ қарор диҳед».

Дар навбати худ  ҷавонон   баромад намуда,  миннатдории худро ба ташкилкунандагони курсӣ омӯзишии «Ҷавонон  пайрави  Пешвои миллат»  миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки дар   пайравӣ ба Пешвои миллат  барои рушди  Ватан  содиқона хизмат  мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *