“Фонтанка” заҳролудкунандаи Скрипалро зодаи Душанбе гуфтааст

Баъд аз нашри акси гумонбарони заҳролудкунии ҷосус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё, нашрияи русии “Фонтантка” бо такя ба шиносномаҳои гумонбарон гуфтааст, ки яке аз онҳо зодаи шаҳри Душанбе аст.

Ин нашрия менависад,ки  гумонбарон Руслан Боширов ва Александр Петров дорандаҳои шиносномаҳои хориҷии русӣ буда, ҳарду ҳам шиносномаҳои худро дар соли 2016 гирифтаанд. Дар шиносномаи Боширов навишта шудааст, ки ӯ 12 апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, сокини кӯчаи Болшая Набережная дар шаҳри Маскав аст. Журналистони “Фонтанка” гуфтанд, ки талоши онҳо барои мушаххас кардани ҳуввияти Боширов натиҷа надод: аз рӯи суроғаи пешниҳодшуда дар ин манзил як пиразане зиндагӣ мекунад ва сокинони қадимаи бино мегӯянд, ки нафареро мисли Боширов намешиносанд. Сокинон танҳо тахмин кардаанд, ки ин мард метавонад писари ин пиразан бошад, ки дар хона сабтином шуда вале дар ин ҷо ҳеҷ гоҳ пайдо нашудааст. Дар бораи гумонбари дуюм — Александр Петров иттило хеле ночиз ва нокифоя аст. Санаи таваллуди ӯ 31 июли соди 1979 аст. Шахсе бо чунин ном дар феҳристи кормандони истеҳсолкунандагони миллии маводи иммунобиологиии ФГУП НПО «Микроген» ёд мешавад. Ин ширкат соли 2003 аз роҳи муттаҳидкунии 14 корхонаи иммунобиологӣ таъсис шудааст ва он тобеи вазорати беҳдошти Русия аст.Вале сарвазири Бритониё Тереза Мей, ки рӯзи 5 сентябр дар бораи натиҷаҳои таҳқиқи қазияи заҳролудкунии Скрипалҳо дар парлумони кишвараш гузориш медод, гуфт, ин ном ва санадҳо метавонанд сохта бошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *