Ҳиндустон низ ҳамҷинсгаро шуд

Суди  олии Ҳиндустон ҷазо барои робитаи ҷинсии афроди марбут ба як ҷинсро бекор кард.

Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 6-уми сентябр гузориш додааст.Раиси Суди  олӣ Дипак Мисра гуфтааст, ки робитаи ҷинсӣ бо хоҳиши ду нафар, сарфи назар аз гароиши ҷинсии онҳо, наметавонад ғайриконститутсионӣ бошад.Қаблан робитаи ҷинсии афроди марбут ба як ҷинс дар Ҳиндустон то даҳ соли зиндон ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ мекард. Ин банди қонун соли 1861, замоне ҷорӣ шуда буд, ки Ҳиндустон мустамликаи  Британия ҳисоб мешуд.Фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо, ки мақомотро ба бекор кардани ин банди қонун маҷбур карданд, мегӯянд, ки он барои тарс додан ва фишор ба ҷомеа истифода мешуд.Шаби гузашта, тавре ки “Евронюс” намоиш дод,  дар шаҳрҳои бузурги Ҳиндустон  ба ин муносибат намоиш ва рақсу бозии ҳамҷинсгароён баргузор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *