Ҳамлаи 17 –ум ба Кобул, 20 нафар кушта шуд

Масъулияти ду ҳамла дар Кобулро, ки рӯзи 5-уми сентябр камаш 20 кушта ба ҷой гузошт, гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт.

Ин гурӯҳ рӯзи 6-уми сентябр тавассути пойгоҳи хабаррасонаш «Аъмоқ» иддао кард, ки ҳамла «ҷамъи муртадҳо» дар маҳаллаи Дашти Барчии Кобулро ҳадаф қарор дод.Дар ҳамин рӯз дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури кумак ба Афғонистон бо пахши як изҳорот ҳамлаи террористӣ алайҳи сокинони маъмулии Кобул, гурӯҳи вокуниши аввалия ва хабарнигоронро маҳкум кард.Дар ҳамла ба клуби варзишии воқеъ дар маҳаллаи асосан шианишин ҳадди ақал 91 нафар маҷрӯҳ шуд. Ҳамлагари интиҳорӣ худро дар дохили клуб мунфаҷир кард. Баъди 40 дақиқаи он бомбаи дигар дар назди гурӯҳи наҷот ва хабарнигорон таркид.Аз моҳи январ ба ин тараф, Кобул 17 маротиба ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳо ҳудуди 430 нафар гуфта мешавад.

“Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *