Мулло Мансур аз олам гузашт

Яке аз рӯҳониёни машҳур  Мулло Мансур Ҷалилзода  рӯзи 6 сентябр дар синни 75 солагӣ  аз олам чашм пӯшид.

Наздиконаш мегӯянд, ки фишори хун як ҳафта пеш Мулло Мансурро аз по афтонд ва ӯ дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт. Намози ҷанозаи Мулло Мансур Ҷалилзода 7 сентябр,рӯзи ҷумъа  соати 10 дар масҷиди деҳаи Тангаӣ дар дараи Ромит, ки солҳои зиёд имомхатибаш буд, баргузор мешавад.Мулло Мансур Ҷалилзода аз рӯҳониёни дар минтақаи дараи Ромит ва водии Ҳисор хеле бонуфуз ба шумор мерафт.Мулло Мансур соли 1943 дар дараи Ромит ба дунё омада, дар деҳаи Туркобод (ҳоло – Ваҳдатобод) – зодгоҳи бародарони Тӯраҷонзодаҳо ба воя расидааст ва аз шогирдону пайравони Эшони Тӯраҷон ва фарзандони ӯ, аз ҷумла қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода буд.Баъди интихобаш ба мақоми имомхатиби масҷиди деҳаи Тангаӣ Мулло Мансур ба ин деҳа кӯчид ва дар поёни умраш дар онҷо ба сар бурд.Мулло Мансур солҳои тӯлонӣ имоматии масҷиди Тангаӣ ва як муддат роҳбарии донишкадаи исломии воқеъ дар деҳаи Ҳазрати Мавлоноро ба ӯҳда доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *